Санаи 19 январи соли 2026 таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ғоибзода Насимҷон бо гурӯҳҳои сохторҳои идеологӣ ҷаласа баргузор гардида, иҷроиши нақшаи чорабиниҳоро дар самти мулоқоти гурӯҳҳои тарғиботӣ бо усули деҳа ба деҳа, маҳал ба маҳал ва мактаб ба мактаб таҳлилу баррасӣ намуданд.
Ғоибзода Насимҷон- муовини раиси ноҳия доир ба фаъолияти сохторҳои идеологию иҷтимоӣ андешаронӣ намуда, тарғиби сиёсати ваҳдатовар ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тараннуми истиқлолу ваҳдат ва дастовардҳои шоистаи давлатдориро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди худогоҳ таъкид намуд. Ҳамчунин зикр дошт, ки дар шароити пуртаззоди ҷаҳони имруза, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботи сиёсӣ муқаддастарин рисолат ҳисобида мешавад.
Ҳамчунин мавсуф доир ба фаъолияти гуруҳҳои тарғиботӣ тариқи деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал ибрози назар намуда, тақвият бахшидани фаъолиятро дар ин самт хотиррасон кард. Таъкид гардид, ки мулоқот аз нақша бештар роҳандозӣ намуда, мунтазам ба роҳ монда шавад ва тамоми сокинони ноҳия бояд бо сӯҳбату мулоқот фарогир бошанд.
Огоҳ будан аз вазъи геополитикӣ, тарбияи насли ҷавон ба роҳи хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеа, тарғиби фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ, татбиқи қонунҳои иҷтимоӣ масъалаҳое, буданд, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.