Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти роҳбарии Раиси комиссия-муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа котиб, аъзоёни он ва масъулини сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузории ҷаласа мазкур ин пеш аз ҳама ҷамъбасти фаъолияти Комиссия дар соли 2025 ва вазифаҳо дар соли 2026, таҳлили корҳо дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муайянсозии роҳҳои муассири тақвияти мубориза бо ин падидаи номатлуб буд.
Дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ шуда, барои соли 2026 нақшаи нави корӣ таҳия ва тасдиқ гардид