Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» дар доираи татбиқи лоиҳаи “Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ” мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмуни ҷои холии корӣ - мутахассис оид ба харид даъват мекунад.
Номзадҳои мувофиқ метавонанд маълумотнома (резюме)-и худро ба почтаи электронии piglerwp@gmail.com ирсол намоянд. Лутфан, номи вазифаро дар сархати (мавзуи) почтаи электронӣ қайд намоед.
Маълумотнома (резюме) бояд ҳатман тибқи талаботи шакли қабулгардидаи БОР бо забонҳои англисӣ ва русӣ омода ва ирсол карда шавад.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 28 августи соли 2026, соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ аст.
Намунаи маълумотномаи щакли БОР ва супориши техникии мутахассис:
https://cloud.mail.ru/public/UvZ3/mPQydpYCb
https://cloud.mail.ru/public/NTcZ/kgsMzbUY9
https://cloud.mail.ru/public/MJaU/2BCYjPczj
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан бо мо аз соати 9:00 то 17:00, аз душанбе то ҷумъа тамос гиред.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 16, (ошёнаи 2, идораи Гуруҳи татбиқи лоиҳа).
Телефон: +992 90 500 07 88, 987 97 00 95
Почтаи электронӣ: piglerwp@gmail.com