“Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо-шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт”.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ мафҳумҳое мебошанд, ки дар таркиб ва мазмуни онҳо хизматҳои шоиста, пайгириҳои шабонарӯзӣ, амалҳои наҷотбахшу таҳкимбахш, паси сар намудани равандҳои пуртазод, тай намудани масири мураккабу пурпечутоб, бартараф намудани ҷараёнҳои ғайричашмдошт, ба вуҷуд овардани сарҷамъию иттиҳод, иттифоқию якдигарфаҳмӣ, ба даст овардани Ваҳдату ягонагии миллӣ, тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ, эҳтиром ба таърих, эҳё ва зинда намудани анъанаҳои миллӣ, соҳиб гардидани мақоми байналмилалӣ, бунёди давлати мутамаддин ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ таҷассум меёбанд.
Албатта, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳо, дурри гаронбаҳо ва яке аз арзишмандтарин муқаддасоти миллии тоҷикону тоҷикистониён мебошад. Зеро истиқлолият, соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ орзую ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафтанд.
Соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ ба Ватани азизамон Тоҷикистон — имкон фароҳам овард, ки ба давлати комилҳуқуқ ва соҳиби мақому манзалати хосса дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфта, ҷаҳону ҷаҳониёнро ба Ватани азизамон наздик намояд. Дастовардҳои даврони истиқлол имконият фароҳам оварданд, ки тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон рушду тараққӣ карда, дастрасии мардуми кишвар ба зиндагии шоиста боз ҳам бештар гардад. Истиқлолият ва дастовардҳои азими ин даврон маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаста ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Мардуми шарифи кишвар бо ифтихори баланд 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои бузург истиқбол менамоянд. Маҳз ин падидаи муҳими сиёсӣ имконият фароҳам овард, ки халқи тоҷик баъди гузашти асрҳо ба бунёди давлатдории миллии муосир аз нав шурӯъ намояд.
Имрӯз миллати тоҷик, пас аз гузашти 35 сол, бо возеҳияти том дарк менамояд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллат нақши муҳим бозида, ба солномаи халқи тоҷик абадан ворид гардидааст. Он дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи наверо боз намуд, ки дар он паёми ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ садо медиҳад.
Истиқлолият ҳамчун асоси рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои давлату миллат, сипари мустаҳками ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар ин радиф, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллат ба шумор меравад.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳадафҳои бузургу барҷастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои мухталифи миллӣ, ислоҳоти соҳаҳои гуногун, таваҷҷуҳу дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, фароҳам овардани заминаҳои боэътимод барои рушди соҳаҳои мухталиф ва ҳамзамон ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардида истодаанд.
Низоми муосири шаҳрсозию шаҳрдорӣ, инфрасохтори беҳамтои минтақаҳо, бунёди роҳҳо, пулҳо ва нақбҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, иншооти бузургу барҷастаи аср, эҳё ва зинда намудани таъриху осори гаронбаҳои ниёгон, тарғибу муаррифии фарҳанги ғании миллат ба ҷаҳониён аз ҷумлаи далелҳои равшани гуфтаҳои боло мебошанд.
Боиси ифтихору фараҳмандии миллати тоҷик аст, ки имрӯз зиёда аз 180 давлати дунё Тоҷикистони азизи моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мешиносанд ва бо он муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд. Бо шарофати ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан дар созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои бонуфуз ва миёни давлатҳои абарқудрат, ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ эътироф ва эҳтиром мегардад.
Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳои соҳа ба таври назаррас беҳтар гардиданд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзоиш ёфтааст. Имрӯз соҳа беш аз 21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, зиёда аз 61 фоизи аҳолии қувваи кории кишварро бо ҷойи кор фаро гирифтааст.
Дар робита ба ин, бо мақсади рушди соҳаи механиконии кишоварзӣ, мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ба танзим даровардани равандҳои механиконии кишоварзӣ, дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
Бо дарназардошти муҳиммияти соҳаи механиконии кишоварзӣ дар ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, таъмини рушди устувор ва ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, №624 қабул шудааст.
Ҳамзамон, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сари вақт ва бо имтиёз таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ, соли 2007 дар назди Вазорати кишоварзӣ - Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шуд. Корхона дар самти воридоти техника ва масъалаҳои иҷораи молиявӣ аз пардохти як қатор андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шуд. Ин иқдом қадами устувор дар самти дастгирии хоҷагидорон ва кишоварзон барои дастрасии бештар ба техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз дастовардҳои асосии соҳаи механиконии кишоварзӣ дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҶСП «Агротехсервис», ҶСП «ТоҷИрон», «Новселмаш» ва «Сомон Кулоб таҷҳизот» мебошад. Ҳамзамон, бо мақсади расонидани кӯмаки амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар раванди кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 85 адад расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991 (10 адад) 75 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи марказҳои мавҷуда 60 адади онҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ таъсис дода шудаанд. Марказҳои мазкур бо мақсади сари вақт расонидани хизматрасонии техникию технологӣ бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ мутобиқи талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Фаъолияти истеҳсолию техникӣ ва технологии хоҷагиҳои кишоварзӣ рушд ёфта, техникаву технологияҳои муосир самаранок мавриди истифода қарор доранд. Айни замон барои иҷрои корҳои кишоварзӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 60128 адад техникаи кишоварзӣ, мошинолот ва техникаи ёрирасон мавҷуд буда, мавриди истифодаи самаранок қарор доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади иҷрои талаботи агротехникӣ, вусъат додани раванди парвариши зироатҳои кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва таркиби хок ва дар ниҳояти кор баланд бардоштани сатҳи механиконии равандҳои технологӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ суръати лозимаро касб намуд. Дар ин давра зиёда аз 37 ҳазор техника ва мошинолоти кишоварзии муосир ба кишоварзон дастрас карда шуд, ки барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии техника ба корҳои саҳроӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади татбиқи низоми рақамикунонии бақайдгирии техника ва мошинолоти кишоварзӣ, бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) лоиҳаи рақамикунонии бақайдгирӣ ва азқайдбарории техникаи кишоварзӣ мавриди амал қарор дода шуда истодааст.Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мутахассисону кормандони соҳаи кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, инчунин фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар заминаи навсозии инфрасохтори соҳа, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ биноҳои замонавии шуъбаҳо ва раёсатҳои кишоварзӣ, гармхонаҳои муосир ва марказҳои агрологистикӣ сохта, ба истифода дода шуда, ҷиҳати мустаҳкам намудани пойгоҳҳои муассисаҳо ва марказҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати аграрӣ пайваста талош менамояд, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирона ва самаранок амалӣ намуда, Стратегияву барномаҳои давлатӣ ва Ҳадафҳои миллиро босифат татбиқ намояд.
Дар ин радиф, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути истифодаи оқилонаву самараноки замин ва захираҳои мавҷуда, истифодаи самарабахши техникаю технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва ҳосилнокии зироатҳо, коҳиш додани талафоти ҳосил ва ба ин васила беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат фаъолияти самаранок ба роҳ монда шудааст.
Бо арзи эҳтиром ва ифтихори баланди миллӣ, бояд таъкид намоем, ки яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати инсонпарваронаи давлати мо ташаккул ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ дар ниҳоди ҳар як ҳамватан мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд Истиқлоли давлатии Ватани азизу биҳиштосои худ — Тоҷикистонро ҳамчун неъмати бебаҳо бо тамоми ҳастӣ, самимона ва содиқона ҳифз намоем ва ба ин дастоварди бузурги миллӣ ҳамеша арҷ гузорем.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми Тоҷикистон ва миллати куҳанбунёди тоҷик муборак бошад!
Поянда бод Истиқлоли давлатӣ!
Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон