Имрӯз мо дар рузи яке аз муҳимтарин ва пурифтихортарин санаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. 35 соли истиқлоли давлатӣ ин фақат як марҳилаи таърихӣ нест, балки мактаби бузурги давлатсозӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдатофарӣ ва бунёдгузории ҷомеаи навини тоҷикон аст. Ин давра ба мо собит намуд, ки истиқлол арзиши муқаддас, неъмати бебаҳо ва пояи асосии бақои миллату давлат аст. Тайи ин солҳо Тоҷикистони азиз аз озмоишҳои сангини таърих гузашт ва ба марҳилаи рушди устувору созандагии фарогир гом бардошт. Яъне, ин 35 соли ватансозӣ солҳои бунёди давлати миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлол, рушди низоми идоракунии давлатӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ буд.
Ин 35 сол солҳои меҳнати содиқона баҳри ташаккули инфрасохтори муосир, сохтмони неругоҳҳо, роҳҳои байналмилалӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу бемористонҳо, яъне, иншооти сершумори иҷтимоиву иқтисодӣ ва саноативу фарҳангӣ буданд. Дар ин 35 соли давлатдории милливу соҳибихтиёриамон волоияти қонун, низоми ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои давлатӣ рушду тақвият ёфтанд, сулҳу ваҳдат, фарҳанги таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардум ба муҳимтарин омилҳои рушди давлат табдил ёфтанд. Тайи ин давра истеҳсолоти ватанӣ бо истифодаи фанновариҳои ҷадид бесобиқа рушд намуд, иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзуд ва иқтисоди миллиамон бештар аз пештар боло рафт.
Тоҷикистон дар ин муддати начандон тӯлонӣ бо истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди бемайлони деҳот ва таъмини зиндагии арзанда ба мардум ба кишвари пешрафтаи агросаноатӣ табдил ёфт, ба ҳадафи стратегӣ- таъмини амнияти комили озуқаворӣ наздик омад. Дар меҳвари сиёсати давлатамон ҳифзи манофеи миллӣ, таҳкими сохторҳои давлатӣ ва фароҳамсозии муҳити муносиб барои зиндагиву рушди ҷомеа қарор гирифт.
Хидмати бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, дар он аст, ки ҳамин истиқлоли бадастомадаро бо роҳи муттаҳид намудани мардум, нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат пойдор намуданд ва барои таҳкими бемайлони ин неъмати бузург шароити мусоиде фароҳам оварданд. Гарчанде дар ибтидо истиқлолият чун неъмати Худодод ба осонӣ насибамон гардид, вале танҳо бо талошҳои шабонарўзии Пешво муяссарамон шуд, ки онро тақвият бахшем. Пирўзиҳои истиқлолхоҳонаи миллати тоҷик ба душманон нафорид ва мансабхоҳон бо иғвои душманони миллат мамлакатро ба коми оташ тела доданд, бародарро бо бародар ҷанг андохтанд, писарро душмани падар гардониданд. Ин ҷанги хонумонсўз мардуми тоҷикро сарсону овора ва тамоман вазъияташонро ногувор кард. Дар он рўзҳои фоҷиавӣ Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва хушбахтона фарзанди фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Дар он рўзҳои ниҳоят душвор ва хатарнок ин марди наҷиб ҷасурона масъулияти бузурги сарнавишти халқи Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли тоҷикро ба зимма гирифт. Дар фаъолияти Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиати инсон дар мадди аввал меистаду ў тамоми вуҷудашонро ба манфиати халқашон бахшидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастии худро чун фарди ватандўсту хештаншинос барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, бахту саодат ва некуаҳолии мардуми шарифи он, обрўю эътибори байналмиллалии ин диёри тамаддунофар бахшидааст. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар кишвар таҳти роҳбарии дурандешонаи Сарвари маҳбубамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шуда, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, иншооти фарҳангӣ ва варзишӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парандапарварӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ симои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро тағйир додаанд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро дорад ва бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Хидматҳои таърихиву беназири ин фарзонафарзанди миллат буд, ки Тоҷикистонро қариб тамоми давлатҳои мутамаддини олам ҳамчун кишвари мустақили рӯ ба рушди демокративу ҳуқуқбунёд шинохтанду эътироф карданд ва имрӯз мо ифтихор мекунем, ки давлатамон бо бисёр мамолики пешрафтаи олам равобити судманди сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ дорад ва ин ба боз ҳам ободтар гаштани Ватани маҳбубамон, рӯзафзун шоиста гаштани сатҳи зиндагиамон мусоидат мекунад. Иштироки фаъолонаи давлатамон дар ҳалли масойили мубрами глобалӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускору сулҳпарвар шиносонид: лозим ба ёдоварист, ки чанде пештар Маҷмаии Умумии СММ бо қатъномаи хосса ташаббуси навбатии арзишманди Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда(солҳои 2027-2036)” якдилона қабул намуд. Ҳамзамон, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон гардид. Маҳз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба сулҳу субот, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими ҳамкории байни давлатҳо равона шудаанд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин на танҳо санаи тақвимӣ, балки оғози эҳёи тамаддуни кишоварзии миллати куҳанбунёди мост. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ, соҳаи кишоварзӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи нобудӣ ба қуллаи шукуфоӣ расид.
Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахусти фаъолияти сиёсии хеш, ба ташаккули соҳаи кишоварзӣ равона гардида, соҳаи кишоварзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми саноатӣ дониста, таъмини истиқлолияти ғизоӣ ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардумро аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобаста шуморидаанд. Ҳамчунин бахши кишоварзиро яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ ҳисобида, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакатро асосан аз сатҳи рушди кишоварзӣ вобаста донистаанд. Борҳо қайд намудаанд, ки Тоҷикистони мо асосан кишвари аграрист ва зиндагиву рўзгори мардуми он аз бисёр ҷиҳат ба соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ деҳқонзода аст, аз хурдӣ ба заҳмати деҳқон шинос асту обилаҳои дастону арақи ҷабинии ўро дар пешонааш бо чашми хирад дидааст. Аз ин рў, аз рўзҳои аввали сарвариаш баҳри нафъи кишоварзону рушди соҳа дигаргуниҳои орифонаро андешидааст. Пеш аз ҳама тадбирҳои орифонаи Пешвои миллат дар самти таҳия, тасдиқ ва амалигардонии қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзимдароварандаи истифодаи замин ва муносибатҳои иқтисодию истеҳсолӣ дар ин замина ва инчунин баъди ба халқ тибқи ду фармони хеш тақсим карда додани 75 ҳазор гектар замин, ки имрўз «замини президентӣ» номида мешаванд, боварию эътимоди халқи азияткашидаи кишварро ба Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маротиба афзуд.
Таъкиди ҳамешагии баланд бардоштани маданияти истифодабарии заминҳои корам, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои обӣ, дар як сол рўёнидани ду-се ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, мақсадноку бо маром истифода намудан аз рўзҳои офтобӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳаҳои тухмипарварӣ, картошкапарварӣ, пахтапарварӣ, фаъолияти селексионӣ, азхудкунии заминҳои нав, сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамони нигаҳдории меваю сабзавот ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷойгиркунии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти растанипарварӣ, банду баст ва маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи муҳимтарин чорабиниҳои амалишуда тибқи дастуру барномаҳои Пешвои миллат дар самти кишоварзӣ мебошад.
Ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар, мулоқоташон бо кишоварзони аз заҳмати хеш сарфароз, суҳбату ҳамовозии самимию хоссаеро ба вуҷуд меорад, ки боиси рўҳбаландиву сарфарозии беҳадду канори ҳар як кишоварз мегардад.
Ҷаҳони муосир пур аз тағйироту таҳаввулот аст. Дар чунин шароит ҳифзи субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлол аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро талаб мекунад. Мо бояд ба Ватан бо меҳнати ҳалол хизмат кунем, қонунро эҳтиром намоем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем ва барои ободии маҳалли зисту кишвари худ саҳм гузорем.
Дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, маҳз, соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ин роҳ - роҳи заҳмати содиқона, иродаи матин ва сиёсати дурбинонаест, ки замини Тоҷикистонро ба кафили амнияти миллӣ ва сутуни устувори иқтисодиёт табдил дод. Имрӯз мо бо ифтихор изҳор медорем, ки соҳаи кишоварзӣ набзи ҳаёти кишвар ва рамзи фаровонии дастурхони ҳар як хонадон гардидааст.
Нақши созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кулли соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ дар ташаккули соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти муносибатҳои истифодаи замин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани хусусияти рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, амалигардонии маҷмуи чорабиниҳои мушаххас доир ба истифодаи оқилонаи ҳар порча замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, ташаккули корхонаҳои коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва ниҳоят замина гузоштан ба тараққиёти устувори соҳаи кишоварзиро тадбиқ намуданд, равшантару назаррастар шинохта шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ислоҳоти заруриро дар соҳаи кишоварзии мамлакат роҳандозӣ намуда, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хом барои соҳаи саноат тавассути афзоиши устувори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Бо дарназардошти дастовардҳое, ки мо дар давоми 35 - соли соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ноил гардидем, бояд аз мушкилотҳои аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шавем, ки дар баробари тинҷу ором намудани вазъи сиёсии кишвар зарурияти таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ба миён омад. Вазъияти ба амал омада Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бетараф гузошта наметавонист ва ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии ҷумҳурӣ ба корҳои доимӣ зарурияти тақсим намудани заминҳо ба аҳолии ҷумҳурӣ ба миён омад.
Дар ин росто таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат - ҳадафи стратегии кишвар муайян гардида, яке аз ислоҳоти муҳими соҳа дар ин давра тақсими 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, ба аҳолии деҳот маҳсуб меёбад. Маҳз иқдоми мазкур дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки масъалаи таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизоӣ давра ба давра ҳалли худро ёбад.
Дар давоми 35 соли истиқлолият соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун манбаи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, балки ҳамчун асоси зиндагии мардум ташаккул ёфт. Агар ба солҳои аввали истиқлолият назар кунем, кишвар дар вазъияте қарор дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ кам буд, бисёре аз маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешуданд ва низоми хоҷагидорӣ ҳанӯз ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ нашуда буд.
Бо гузашти солҳо ва татбиқи ислоҳоти аграрӣ вазъият тадриҷан тағйир ёфта, шаклҳои нави хоҷагидорӣ – хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва инфиродӣ ба миён омаданд. Деҳқонон имконият пайдо карданд, мустақилона кишт намоянд, истеҳсол кунанд ва маҳсулоти худро ба бозор бароранд. Ин омил боис гардид, ки ҳавасмандии мардум ба замин зиёд шуда, самаранокии истифодаи замин беҳтар гардад.
Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ сохтани моликият сабаби тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ гардид, ки дар натиҷа дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 186,4 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 3333 асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳо амал менамоянд. Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳо ба таври назаррас беҳтар гардиданд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 84,7 млрд. сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзоиш ёфт.
Имрӯз соҳа беш аз 21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст. Соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо зиёда аз 1,7 млн. тонна, пахта 393 ҳазор тонна, картошка 1,3 млн тонна, сабзавот 3,4 млн. тонна, полизӣ 1,3 млн. тонна, мева наздик 1 млн тонна, ва ангур 346 ҳазор тонна истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати соли 1991 ғалладонагиҳо 6 маротиба, картошка 12,6 маротиба, сабзавот 10,5 маротиба, полизӣ 22,7 маротиба, мева 5,4 маротиба ва ангур 2,7 баробар зиёд шудааст.
Инчунин саршумори чорвои калон ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ 3,1 млн. сарро ташкил дода дар муқоиса нисбати давраи то истиқлоли давлатӣ 2,2 мартиба афзудааст. Дар ҳамин давра саршумори моли майда 8,3 млн сар ва паранда 13,1 млн сарро ташкил кардааст, ки мутаносибан 2,2 ва 2 баробар зиёд мебошад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ нисбати талаботи меъёрҳои физиологӣ истеҳсоли картошка, сабзавот, полизӣ, меваю ангур, гушт ва шир 100 фоизӣ (картошка 135,4 %, сабзавот 2,4 маротиба, пиёз 4 маротиба, сабзӣ 3,9 маротиба, полизӣ 3,9 маротиба, мева ва ангур 100 %, гушт 104,1 фоиз, шир 100 фоиз) ва тухм 74 фоиз таъмин гардида, таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар 85 фоизро ташкил медиҳад.
Яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони Истиқлолият - ин табдили кишоварзӣ аз истеҳсоли оддии ашёи хом ба Низоми мукаммали агроозуқаворӣ буда, ин низом имрӯз тамоми марҳилаҳо - аз истеҳсолу коркард то логистика ва фурӯши маҳсулоти ниҳоиро дар бар мегирад.
Кластерҳои агросаноатӣ дар доираи татбиқи «Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳо то соли 2040» имкон дод, ки занҷираи арзиши иловашуда дар бахшҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ таҳким ёфта, фоидаи иқтисодии соҳа дар дохили кишвар боқӣ монад. Ҳамчунин бунёди марказҳои логистикӣ ва анборҳои муосир барои нигоҳдории 1,4 миллион тонна маҳсулот имкон дод, ки низоми таъминоти озуқаворӣ дар тамоми фаслҳои сол устувор ва нархҳо дар бозори дохилӣ муътадил бошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон тавонист ганҷҳои нодири табиати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрӯз, ворид шудани ду шоҳкории соҳаи кишоварзии мо ба феҳристи Глобалии мероси кишоварзии ФАО - ин пирӯзии дипломатияи аграрӣ ва ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Гӯсфанди зоти Ҳисорӣ, ки дар олам бо ҷуссаи бузург ва тавоноии худ назир надорад, расман ҳамчун мероси генетикӣ ва фарҳангии башарият эътироф гардид. Ин зот, ки натиҷаи селексияи халқии бисёрсола мебошад, қобилияти беназири мутобиқшавӣ ба шароити душвори кӯҳистонро дорад. Ворид шудани ин зот ба мероси ҷаҳонӣ маънои онро дорад, ки гӯсфанди Ҳисорӣ акнун на танҳо моли Тоҷикистон, балки як қисми ҷудонашавандаи амнияти биологии ҷаҳон ва намунаи олии донишҳои анъанавии заминдорӣ маҳсуб мешавад.
Ангури Тоифии гулобӣ, ки бо накҳати мушкбор ва ранги нозуки худ дили ҳазорон нафарро дар саросари ҷаҳон тасхир кардааст, акнун ба қатори маҳсулоти нодири фарҳангии ҷаҳонӣ ворид шуд. Ин навъи ангур рамзи меҳмоннавозӣ ва заҳмати деҳқонони мо буда, дар бозорҳои байналмилалӣ ҳамчун маҳсулоти беҳамтои экологӣ ва ҳамчун бренди миллӣ шинохта мешавад.
Ҳамчунин, дараи Алмосӣ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона маконест, ки аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид. Бояд гуфт, ки ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин мамлакате мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дорои низоми беназири таърихии кишоварзӣ, ки гуногунии баланди биологӣ, устувории экосистема ва мероси миллии фарҳангиро муттаҳид мекунад, эътироф гардидааст
Дар давраи истиқлолият истеҳсоли зироатҳои асосӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Масалан, гандум, ки ғизои асосии мардум ба шумор меравад, имрӯз дар ҳаҷми калон истеҳсол мешавад ва қисми зиёди талаботи дохилиро қонеъ месозад. Истеҳсоли картошка, сабзавот, полизӣ, мева ва ангур низ сол аз сол афзуда, бисёре минтақаҳои кишвар имрӯз бо истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулот худро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла шаҳри Турсунзода, Ҳисор ба истеҳсоли ангур ва биринҷ, ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Лахш бо истеҳсоли картошка, ноҳияҳои минтақаи Рашт бо истеҳсоли себу нок, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо зироати пахтаю маҳсулоти барвақтии зиротҳои сабзавотӣ ва полизӣ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мевагиҳо, хусусан зардолу ва хушкмеваҳои он, ВМКБ бо мева ва маҳсулоти гушти аз лиҳози экологӣ беҳамто, дар мамлакат мавқеи муассир доранд.
Имрӯз кишоварзӣ дар Тоҷикистон соҳаест, ки барои рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум аҳамияти калидӣ дорад. Дастовардҳое, ки дар ин самт ба даст омадаанд, натиҷаи меҳнати деҳқонон, дастгирии давлатӣ ва истифодаи оқилонаи замин мебошанд.
Бояд тазакур дод, ки дар баробари дастовардҳои соҳа имкониятҳои истифода нашуда, хело зиёданд ва истифодаи самараноки замину об ва иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар чор фасли сол ба роҳ монда шуда, дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар содироти он ба роҳ монда шавад.
Аз ин лиҳоз, дар солҳои минбаъда оид ба рушди соҳа ва нигоҳ доштани устувории амнияти озуқавории кишвар ба рушди иноватсионии соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гирифтан се чор ҳосил, зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва паранда, рақамикунонии соҳа, тиҷорати электронӣ, бунёди марказҳои тақсимоти яклухт, яхдонҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот, самаранок истифода намудани заминҳои корам, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамкории зич бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи деҳқонон, минтақабобсозии зироатҳои кишоварзӣ, муҳофизати растанӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии сифати хок ва таҷрибаи пешқадами иттилоотии технологӣ ва вобаста ба тағйирёбии иқлим оид ба татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот таваҷҷуҳу хоса зоҳир карда мешавад.
Зеро соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар давраи минбаъда низ барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар самтҳои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути рақамикунонӣ, татбиқи усулҳои инноватсионии парвариши зироатҳо ва чорво, баланд бардоштани ҳосилнокии зироаткорию чорводорӣ, инчунин ташаккули занҷираи арзиши иловашуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Низоми иқтисодии ҷаҳонӣ имрӯз бар асари рақобату ихтилофоти шадид вайрон шудан дорад ва дар чунин вазъи мураккаб мо бояд бо меҳнати софдилонаю садоқат ба ватандорӣ иқтисоди миллиамонро рушд диҳем. Мо вазифадорем истиқлолро бо амалу меҳнати созанда ба хотири пешрафту шукуфоии бештари Ватан дар ҳама самтҳои зиндагӣ боз ҳам таҳким бахшем! Бигзор ормонҳои волои истиқлол дар ниҳоди ҳар як ватандори бонангу номус ҷовидонӣ бошанд!
Бо рушди инфрасохтори соҳаи саноат ва истифодаи технологияи инноватсионӣ диверсификатсия намудани содироти ватанӣ ва амалигардонии сиёсати ивазкунандаи воридот назари нисбатан нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асоси гузариши босифат ба иқтисодиёти индустриалию аграрӣ рушди бемайлони корхонаҳои агросаноатӣ пешбинӣ шудааст. Солҳои охир дар соҳа диверсификатсияи фаъолият ба назар расида истодааст. Вобаста ба рушди ин соҳа масъалаи дастрасӣ ва сифати ғизо дар кишварамон ҳалли пурраи худро меёбад ва таркиби истеъмолии мардум ба талаботи сифатии рушди инсон мувофиқ гардида, ба маърифатнокии баланди тамоми қишри ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат рушди босуботи иқтисодӣ таъмин гардида, татбиқи стратегияи амиқ ва самараноки иқтисодӣ ба даст омад. Дастовардҳои кишвари мо тайи 35 соли истиқлолият бевосита бо фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад.
Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳаллаи сифатан нави инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоӣ рў ниҳодааст. Алҳол бо бунёди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили заминаи инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ шароити ба амал баровардани нақшаҳои бузурги ҳам инфрасохторӣ, ки кишварро ба бозори ҷаҳонӣ бештар ворид месозад, ҳам саноатию инноватсионӣ, ки рушди сармояи инсонӣ ва шароити меҳнату зиндагии шоистаро таъмин менамояд, фароҳам оварда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир диди сифатан нав ба сўйи рушди устувор пайдо намуда, ҳадафҳои сифатан навро роҳандозӣ менамояд. Дар ин марҳалаи босифат зарурати таҳияи нақшаҳои нав дар шакли Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои рушди кутоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат барои расидан ба ҳадафҳои рушд ба миён омад, ки пешрафти босуръати минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро дар назар дорад.
Мо дар остонаи 35– солагии ҷашни бароямон бисёр азизу гиромӣ қарор дорем. Ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ҳамватанон саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу менамоям. Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди устувор ва пешрафт қадамҳои устувор гузошта, обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд гардад.