Ҳамватанон ва кишоварзони азиз! Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза, тамоми сокинони сарбаланди мамлакат, бахусус кишоварзони заҳматкашу ватандӯсти кишварро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику…
Ҳамватанон ва кишоварзони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза, тамоми сокинони сарбаланди мамлакат, бахусус кишоварзони заҳматкашу ватандӯсти кишварро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик муқаддастарин ва арзишмандтарин дастоварди таърихӣ буда, барои таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори давлатсозиро тай намуда, дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин давра татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлоли энергетикӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, боиси таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гардида, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба маротиб рушд намуд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, барои пешрафту рушди минбаъдаи кишвар имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шуданд.
Ҳамватанон ва кишоварзони азиз!
Дар баробари дигар соҳаҳои мамлакат, соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои калидӣ ва меҳварии иқтисоди миллӣ дар сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дошта, барои рушди устувори он тадбирҳои пайваста ва ҳадафманд амалӣ карда мешаванд.
Бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули шаклҳои нави хоҷагидорӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аз қабили замин ва об, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди бахшҳои тухмипарвариву ниҳолпарварӣ, чорводорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии мамлакат ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Дар ин раванд саҳми Шумо кишоварзони мамлакат, ки бо меҳнати содиқонаю фидокорона барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ талош менамоед, ниҳоят арзишманд мебошад.
Мо кишоварзон хуб дарк менамоем, ки рушди минбаъдаи соҳа, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мо дар марҳилаи нави рушди мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Боварии комил дорем, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Истиқлолияти давлатӣ, дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати созандаи мардуми Тоҷикистон, бахусус кишоварзони сарбаланд, соҳа минбаъд низ рушд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди иқтисоди миллӣ саҳми боз ҳам арзишманд хоҳад гузошт.
Мо ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз эътимоди қавӣ дорем ва тамоми неру, дониш ва таҷрибаи худро ба он равона месозем, ки дарахти пурбаракати Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам решадор гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти Парчами парафшони ваҳдату созандагӣ ба қуллаҳои нави рушду пешрафт ноил шавад.
Бо изҳори чунин ниятҳои нек, бори дигар 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамватанони азиз, кишоварзони меҳнатдӯст ва аҳли заҳмати мамлакат самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу суботи пойдор, файзу баракат, тандурустии комил, рӯзгори ободу осуда ва дастурхони пур аз нозу неъмат орзу менамоям.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳамеша пойдору ҷовидон бошад ва Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор гузорад.
35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанон ва кишоварзони азиз!