Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода барои иштирок дар ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба Беларус сафар намуданд. Мавриди…
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода барои иштирок дар ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба Беларус сафар намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи мазкур аз 27 то 30 июл дар шаҳри Брест баргузор мешавад.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф ва тандурустиро баррасӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳо имзои Протоколи ҷаласа, Харитаи роҳ ва як қатор санадҳои ҳамкорӣ миёни субъектҳои хоҷагидории ду кишвар дар назар аст.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон