Санаи 13 июли соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2026 таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон…
Санаи 13 июли соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2026 таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Миралӣ Сафаров, Президенти АИКТ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагон аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, Агентии омори назди ПҶТ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҲҶТ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ҳайати мушовара ифтитоҳ гардид.
Нахуст маърӯзаи муовини якуми вазири кишоварзӣ Нуралӣ Асозода оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазири ватанӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат фаъолияти худро дар асоси сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бармеоянд, як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Вазорат дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди устувори соҳа ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ дар самтҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар бахшҳои истеҳсолоти кишоварзӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Дар натиҷаи истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолии соҳа ва татбиқи саривақтии чорабиниҳои агротехникӣ, дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳа таъмин гардиданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 28,8 млрд сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 млрд сомонӣ ё 7,2 фоиз афзоиш ёфт.
Аз ҳаҷми умумии истеҳсолот 18,3 млрд сомонӣ ба маҳсулоти растанипарварӣ ва 10,5 млрд сомонӣ ба маҳсулоти чорводорӣ рост омада, аз рушди устувори соҳа ва саҳми назарраси он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ гувоҳӣ медиҳад.
Дар сохтори умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 47,2 фоиз ва бахши аҳолӣ 52,8 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Аз рӯи тақсимоти ҳудудӣ, ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 59,2 фоиз, вилояти Суғд 25,4 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,0 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,4 фоизро ташкил медиҳад.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла, истеҳсоли картошка, ки 286,0 ҳазор тонна, сабзавот 1281,5 ҳазор тонна, гӯшт 135,6 ҳазор тонна, аз он гушти паранда 21,1 ҳазор тонна, шир 465,5 ҳазор тонна, тухм 691,1 млн дона, пашм 6,1 ҳазор тонна, пилла 317,8 тонна ва истеҳсоли асал 718,3 тоннаро ташкил дода, ба рушди маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.
Инчунин ҳисоботи роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат, сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба нишондиҳандаҳои соҳа шунида шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳо дода шуд.
Инчунин туҳфаҳои хотиравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сипосномаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои назаррас дар самти тухмипарварӣ ва селексия З.Эшонова, А.Акрамов ва М.Анварова қадршиносӣ гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон