Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2026, №26/10-814 оид ба ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 09.07.2026 соати 14:00 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба «Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026» доир мегардад. Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Гузориши матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026» дар шакли электронӣ замима карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон барои тамос: 235- 38- 63