Ҷашни Тиргон ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Сада яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор буда, аз замонҳои қадим дар миёни ин мардумон бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Оид ба ин ҷашн дар сарчашмаҳои илмӣ маълмоти зиёде ба тариқи достону ривоятҳо нақл шудаанд. Дар гузашта ин ҷашн миёни мардумони ориёӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва шавқу шури бениҳоят таҷлил мегардид. Вале бо сабабҳои гуногуни таърихӣ дар марҳилаҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн ба гушаи фаромӯшӣ супурда шуд ва аз он фақат маросиму одатҳое боқӣ монд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои гуногуни сарзамини тоҷикону эрониён сурат мегирад.
Дар гузашта мардумони ориёӣ ҷашни Тиргонро дар рӯзи сездаҳуми тир баргузор мекарданд ва оғози ин ҷашн аз рӯзи тир ва аз моҳи тир буда, ба муддати 9 рӯз таҷлил карда мешуд.
Дар мавриди фалсафаи чашни Меҳргон ду ривояти ҷолиб аст. Ривояти аввал марбут ба қаҳрамони миллии ориёиҳо Ораш аст, ки он дар миёни мардумони ориёӣ беҳтарин камонвар шинохта шудааст. Муҳтавои ин ривоят аз он иборат аст, ки дар замонҳои қадим миёни Эрониён ва Турониён солҳои зиёде ҷангу ситезаҳо буд. Дар набарди баёни Афросиёб ва Манучеҳр шоҳи Эрон, сипоҳи Эрон шикаст мехурад ва ин воқеъа дар рӯзи аввали Тир сурат мегирад. Дар гузашта ин рӯз барои Эрониён рӯзи азои миллӣ буд. Ҳангоме, ки сипоҳи Эрон дар Мозандарон ба тангно меафтад саранҷом ҳарду тарафи муқобил басозиш мерасанд, ки марзи миёни ду кишвар муайян карда шавад, то ин ҷангу ситезаҳо хотима ёбад. Онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки аз Мозандарон тире ба сӯи Шарқ партофта шавад ва ҳарҷо ки тир фурӯ омад ҳамонҷо марзи ду кишвар муайян еарда шавад ва ҳеҷ яке аз ин ду кишвар аз он марз фаротар наравад. Дар ин ҳангом буд ки фариштаи замин Исфандёрмуз падидор шуд ва фармон дод тиру камон оварданд. Фариштаи замин ба Ораш, ки дар миёни ориёиҳо аз ҳама камонвари машҳур буд ва ба неруи бемислаш тирро дуртар аз ҳама партоб мекард, дастур дод, ки камон бардорад ва тире ба сӯи шарқ партоб кунад. Ораш донист, ки паҳноии кишвари Эрон ба неруи бозу ва тири ӯ вобаста аст ва бояд тамоми тавони худро сарф кунад то тираш дуртар партофта шаваду паҳноии кишвараш васеътар гардад. Ораш худро омода кард ва урён шуда баданашро ба шоҳу сипоҳиён намудор карда гуфт, ки бинед ман тандурустам ва дар баданам ҳеҷ нуқсе вуҷуд надорад. Вале медонам, ки чун тир аз камон берун кунам тамоми неруам аз бадан ҳамроҳи тир хориҷ хоҳад шуд. Онгоҳ Ораш тиру камонро бардошт ва ба баландии кӯҳи Дамованд баромад ва ба неруи худодоаш тирро раҳо кард ва худ беҷон шуда ба замин афтод. Дар ин ҳангом Ҳурмуз ба фариштаи бод фармон дод то тирро аз осеб нигаҳбон бошад. Тир аз субҳ то нимарӯз дар осмон мерафт ва аз кӯҳу дашт мегузашт, то дар канори руди Ҷайҳун бар танаи дарахте, ки бузургтар аз он дар ҷаҳон набуд нишасту фурӯ рафт. Онҷоро марзи Эрону Турон эълон карданд ва ҳар сол бо ёди он ҷашн гирифтан, ки дар миёни мардумони ориёӣ бо номи ҷашни Тиргон маъмул аст.
Ривояти дуввум дар мавриди пайдоиши ҷашни Тиргон ба фариштаи борон-Тиштар марбут буда, набарди миёни некӣ ва бадиро инъикос менамояд. Фариштаи борон Тиштар дар даҳ рӯзи аввали моҳ ба сурати ҷавони понздаҳсола дар меояд ва дар даҳ рӯзи дуввум ба сурати гови нар ва дар даҳ рӯзи саввум ба сурати асп медарояд. Тиштар ба шакли аспи зебои сафеди заррингуше бо созу барги заррин ба дарёи кайҳонӣ фурӯ рафт. Фариштаи борон дар онҷо бо деви хушксоли Апӯш, ки шакли аспи сиёҳе буду ҳайбати ваҳшатнок дошт рӯ ба рӯ шуд. Онҳо ба муддати се шабонарӯз бо якдигар ба набард пардохтанд. Дар ин набард фариштаи борон шикаст мехӯрад ва ба назди худои бузург омада аз вай кӯмак металабад ва ин бор бо ёрии Худои бузург ба аҳримани хушксолӣ пирӯз мешавад. Бо пирӯзии вай обҳо дубора ба чарогоҳо ва гӯшаву канори замин ҷорӣ мегарданд.
Ҷашни Тиргон ба монанди дигар ҷашнҳо дорои суннату маросими гуногун мебошад. Аз ҷумлаи маросимҳои роиҷ дар ин ҷашм метавон маросими обпошӣ, фоли кӯза ва дастбанди тиру бодро ном бурд.
Яке аз маросимҳои ҷашни Тиргон обпошӣ аст. Аз ин хотир ҷпшни Тиргон дар канори обҳои соҳили дарё сурат гирифта мардум дар ин айём бо шодмонӣ бар сару рӯи якдигар обпошӣ мекарданд.
Дигар аз маросими ҷпшни Тиргон ин фоли кӯза мебошад. Як рӯз пеш аз ҷашни Тиргон душизаҳо интихоб шуда, кӯзаи сафоли сабзрангу даҳонкушоде ба ӯ медиҳанд, ки дула ном дорад. Ӯ ин зарфро аз оби покиза пур мекард ва як дастмоли сабзи абрешимиро бар рӯи даҳони он меандозад ва он гоҳ онро назди ҳамаи касоне мебурд, ки орзуе дар дил доранду дар ин маросим ширкат кардаанд. Онҳо ангуштарӣ, гӯшвор, сикка ё монанди инҳоро дар оби зарф меандозанд. Сипас духтар дуларо ба зери дарахти ҳамешасабз ба монанди сарв мебурд ва дар онҷо мегузошт. Дар рузи ҷашни Тиргон ва пас аз маросими обрезон, ҳамаи касоне, ки дар зарф ҷисме андохтаанд ва умеди амалӣ гаштани орзуяшонро доранд дар ҷое гирди ҳам меомаданд ва душиза зарфро аз зери дарахт назди ҷамъшудагон меовард. Дар ин фолгирӣ бештар бонувон ширкат мекунанд ва солхӯрдагон бо садои баланд бо навбат шеърхонӣ мекарданд. Духтарон дар поён бо навбат дасти худро ба зарф андохта, яке аз чизҳоро аз даруни зарф берун меорад. Ба ин тартиб соҳиби он ҷисм мутаваҷҷеҳ мешавад, ки шеъри хондашуда марбут ба нияту орзуи ӯ аст.
Дигар аз маросими ҷашни Тиргон ин дастбанди тиру бод аст. Дар оғози ҷашн баъд аз хурдани ширинӣ банде бо номи тиру бод, ки аз ҳафт ресмон ба ҳафт ранги гуногун бофташудааст ба даст мебанданд. Дар бодрӯзи аз тирмоҳ (9 рӯз баъд) ин бандро боз карда, дар ҷои баланде монда онро ба бод месупоранд, то орзуҳояшонро ба унвони паёмрасон ба ҳамроҳ барад. Хангоми анҷоми ин кор ширкаткунандагон шеъри зеринро мехонданд:
Тир бирав, бод биё,
Ғам бирав, шодӣ биё.
Меҳнат бирав, рӯзӣ биё,
Хушаи марворӣ биё.
Бояд гуфт, ки ҷашни Тиргон дар ҳамаи минтақаҳо дар як вақт гузаронида намешад. Аммо дар сарчашмаҳои илмии мардумони эронитабор баргузории ҷашни Тиргонро даҳуми тирмоҳ нисбат медиҳанд. Аммо дар баъзе минтақаҳо сездаҳуми тирмоҳ ҷашни Тиргонро дар Дамованд барпо мекарданд.
Дар фарҳанги мардуми эронитабор ҷашни Тиргонро дар рӯзи оғози тобистон ва бештар дар ситоиш аз гандум ва ба унвони ҷашне барои бардошти гандум баргузор мекарданд. Дар ҷойҳои дигаре мисли Мозандарон Тиргон ба тирмоҳ сездаҳшаб маъруф аст ва дар шаби сездаҳум ин ҷашн баргузор мешавад. Дар баъзе манотиқи Эрон мардум ҷашни Тиргонро дар сездаҳуми меҳрмоҳ ҷашн мегиранд.
Ин маросимҳо унсурҳои аслии ҷашни Тиргон, ки яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи ниёгонамон ориёиҳо мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза, ки авҷи раванди ҷаҳонишавиро дар пай дошта боиси азбайнрафтани арзишҳои миллӣ ва дар маҷмуъ ба нестшавии фарҳанги миллатҳо оварда расонидааст, ҳифзи ин арзишҳои миллӣ ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллиамон мебошад хеле зарурӣ мебошад. Ин нуктаро дарк карда ҳукумати кишвар бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ бо қабули барномаҳои гуногун кӯшиш менамояд, то арзишҳои миллию фарҳангиамон аз нав эҳёву ҳифз гардад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад.
Зебарниё Муллоаҳмадшоҳ., Абдуназаров Асламбек.- устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур