Ҷашни Тиргон яке аз идҳои бостонӣ ва таърихии мардумони эронитабор ба шумор рафта, дар гузаштаи дур дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада бо шукӯҳу ҷалоли ориёӣ таҷлил карда мешуд. Ин ид бештар ҳамчун ҷашни табиат, обу борон ва тозагиву зебоӣ маҳсуб меёбад. Тиргон дар рӯзи 13-уми моҳи Тир (мутобиқ ба 1-уми июли тақвими ҷории мо), ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт. Дар солшумории пешиниёнамон ҳар рӯзи моҳ номи махсус дошт, ки яке аз онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.
Шоир Шамсии Фахрӣ ин рӯйдодро чунин маънидод кардааст:
Ба рӯзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Чун назар андозем, гузаштагонамон дар чор фасли сол ҷашнҳои махсуси табиатро доштанд, агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз–иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буда, Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд. Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.
Тир – номи Эзади борон дар фарҳанги бостонии Эрону тоҷикон буда, дар Авасто дар шакли Тиштарйа, дар забони паҳлавӣ – Тиштар ва дар форсии навин-тоҷикӣ бо номҳои Тиштар ва Тир зикр шудааст. Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.
Дар яшти ҳаштуми Авасто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (эзадиобҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.
Дар устураҳои гузаштагони соҳибназари мо оварда шудааст, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри Пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораши Шевотир ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми неруи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сӯйи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.
Ба фаррух саре, бар кӯҳи баланд,
Камонро бигирфт он далери диланд...
Зи кӯҳи Давоманд то сарзамин,
Фуру омад он тир – дар шӯру шин.
Ба он ҷо, ки афтод тир аз ҳаво,
Ҳамон шуд миёни ду мулк ҷо.
Ҳамон рӯз шуд сарҳади Эрону Тӯрон,
Ба номи Ораш шуд ин рӯз Тиргон...
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ин ривоятро зикр намуда, маълумоти зеринро илова карда навиштааст: «…номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад...” Ҳамчунин ҷашни Тиргон ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” рӯзи бузургдошти нависандагон дар Эрони бостон будааст.
Абусаид Абулҳай бинни Маҳмуди Гардезӣ дар «Зайнулахбор» ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши Тиргон зикр намудааст: «… ва андар Тиргон порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳо ва оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанд ва бихӯранд ва гӯянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанд ва хӯрданд, ки орд натавонистанд кард. Зеро ҳама дар ҳисор буданд».
Ин ривоятро Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» таъйид карда, меафзояд: «… ва чун дар вақти муҳосира кор ба Манучеҳр ва эрониён сахту душвор буд шуда буд, ба қисме, ки дигар ба орд кардани гандум ва пухтани нон намерсиданд, гандум ва мевакол (хом) мепухтанд. Бад-ин ҷиҳат шикастани зарфҳо ва пухтани меваи кол ва гандум дар ин рӯз расм шуд». Ҷашни Тиргон дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар дар фарҳанги Эрон) аст. Ҷашни мазкур ҳамасола дар кӯҳи Дамованд, Омл ва тавассути зардуштиёни Эрон дар шаҳрҳои Теҳрон, Карҷ, Язд, Кирмон, Шероз, Исфаҳон ва ҳатто берун аз Эрон дар Аврупо ва Амрико гузаронида мешавад.
Зебарниё Муллоаҳмадшоҳ, Нуриён Маъмура Гулова - н.и.ф., омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур