Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Санаи 26 июни соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” баргузор гардид. Дар…
Санаи 26 июни соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаву ташкилоту идораҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Маҷлиси тантанавиро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” муборакбод намуданд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки ин рӯз, рамз ва оғози марҳилаи нави сулҳ, оромӣ ва созандагӣ дар кишвар буда, Ваҳдати миллӣ бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик ба даст омада, ба яке аз арзишҳои муқаддаси ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ин дастоварди бузург барои мо имконият фароҳам овард, ки мамлакатамон обод, иқтисодиёт рушд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ин неъматҳои бебаҳо – сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои таҳкими он саҳм кушиши ҳамешагӣ намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин ру, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсияи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».
Инчунин ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Бобохониён Зебуниссо ва корманди дастгоҳи марказии вазорат Абдурозиқзода Лутфулло оид ба муҳтавои Рўзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон