Санаи 24 июни соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Абдуллаҳ Эрен баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва амали намудани лоиҳаҳо изҳори сипос намуда, қайд гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун аз ҷумла, тақвияти ҳамкорӣ дар самти тухмипарварӣ, боғпарварӣ, занбуриасалпарварӣ, воридоти чигит, тухми картошка ва дигар зироатҳо, табодули таҷрибаи кишоварзон, инчунин ҳамкорӣ бо Донишгоҳи аргарии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва ташкили лоиҳаҳои нав аламӣ карда шавад.
Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Абдуллаҳ Эрен ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, бунёди корхонаи хурди банду басти мева, омӯзиши мутахассисони соҳа, ташкили қитъаҳои озмоишӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳа ва амали намудани таҷрибаи рушдёфтаи Туркия дар Тоҷикистон баён намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҳавасмадии хешро ҷиҳати баррасии саривақтии лоиҳаҳои дар оянда амалишаванда баён намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон