Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа: Лоиҳаи «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ»
Рақами лоиҳа: 57307-001
Агентии иҷроияи лоиҳа: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон аз захираҳои Фондҳои махсуси Бонки Осиёии Рушд (Фонди Осиёии Рушд) 14 миллион доллар грант ва аз Фонди Ҷопон барои шукуфоӣ ва устувории Осиё ва Уқёнуси Ором (JFPR) 3 миллион доллар грант барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ», ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) идора карда мешавад, мегирад.
Дар ин робита, агентии иҷроияи лоиҳа мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмуни ҷойҳои холии корӣ, аз ҷумла: муовини менеҷери лоиҳа, сармутахассис оид ба идоракунии молиявӣ, мутахассис оид ба рақамикунонӣ, мутахассис оид ба байторӣ ва чорводорӣ, муҳандис, мутахассис оид ба харид, мутахассис ба масъалаҳои муҳити зист ва иҷтимоӣ, мутахассис оид ба масъалаҳои гендерӣ ва мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ даъват мекунад.
Номзадҳои мувофиқ метавонанд маълумотнома (резюме)-и худро ба почтаи электронии piglerwp@gmail.com ирсол намоянд. Лутфан, номи вазифаро дар сархати (мавзуи) почтаи электронӣ қайд кунед.
Маълумотнома (резюме) бояд ҳатман тибқи талаботи шакли қабулгардидаи БОР бо забонҳои англисӣ ва русӣ/тоҷикӣ омода ва ирсол карда шавад.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 27 январи соли 2026, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ аст.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи супориши техникӣ барои вазифаҳои болозикр, лутфан бо мо аз соати 9:00 то 17:00, аз душанбе то ҷумъа тамос гиред.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 16, (ошёнаи 2, идораи Гуруҳи татбиқи лоиҳа).
Телефон: +992 555 12 92, 99 555 12 82
Почтаи электронӣ: piglerwp@gmail.com