10 апрели соли 2026 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум…
10 апрели соли 2026 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳал - Камолиддин Муминзод, муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, майори адлия Акрамзода Ёсуман ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита вохӯрӣ доир гардид.
Вохӯрӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъули Агентӣ ба иштирокчиён муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии кишвар, роҳҳои ошкорсозӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат фаҳмонида шуд.
Дар вохӯрӣ мақсаду моҳияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самти коррупсия, қабул гардидани стратегия ва барномаҳои миёнамӯҳлати давлатӣ, ки нақши онҳо дар амалишавӣ ва паст гардидани шиддати коррупсия назаррас мебошанд, инчунин масъалаҳои фаъолияти мақомоти дахлдори муборизабаранда бо амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Боиси ёдоварист, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар партави ин сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар кишварамон ба масъалаҳои вобаста коррупсия ва заминаҳое, ки ин амалро ба вуҷуд меоранд, аҳаммияти махсус дода шуда, силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ, дар натиҷаи фаъолияти босамари мақомот бо ҷомеа сар задани ҳолатҳои хусусияти коррупсионидоштаро метавон маҳв кард. Мубориза бо коррупсия вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.