Ҳамватанони азиз! Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза фарорасии яке аз куҳантарин, муқаддастарин ва зеботарин ҷашнҳои миллию башарӣ-Наврӯзи хуҷастапайро ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзӣ табрику таҳният…
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза фарорасии яке аз куҳантарин, муқаддастарин ва зеботарин ҷашнҳои миллию башарӣ-Наврӯзи хуҷастапайро ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзӣ табрику таҳният мегӯям.
Наврӯз, ки решаҳои он ба умқи таърих рафта мерасад, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва некиву адолат бар бадиву ҷаҳолат мебошад. Ин ҷашни бостонӣ аз насл ба насл ба сифати омили муттаҳидкунандаи мардум, эҳёгари арзишҳои фарҳангӣ ва тарғибгари суннатҳои наҷиби инсонӣ мерос монда, то имрӯз аҳамияти бузурги маънавию иҷтимоии худро нигоҳ доштааст.
Наврӯз на танҳо оғози соли нави хуршедӣ, балки айёми эҳёи табиат, бедории замин, сабзиши рустаниҳо ва навшавии зиндагӣ мебошад. Дар ин айёми фархунда қалбҳо аз кинаву адоват пок гардида, меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми инсонӣ дар ҷомеа густариш меёбад. Аз ин лиҳоз, Наврӯз ҳамчун мактаби ахлоқ ва фарҳанги баланди инсонӣ мардумро ба сулҳу ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ раҳнамун месозад.
Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз имрӯз ҳамчун мероси нодири фарҳанги ғайримоддии инсоният эътироф гардида, дар арсаи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Маҳз бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар, ин ҷашни бостонӣ мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, ба рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои гуногун табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил гардида, он омили муҳими таҳкими худшиносӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имсол таҷлили ин ҷашни бузург ба арафаи санаи таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, аҳамияти онро боз ҳам амиқтар ва рамзитар мегардонад.
Мо итминон дорем, ки бо илҳом аз арзишҳои олии Наврӯз, мардуми заҳматқарини кишвар минбаъд низ бо заҳмати содиқона, ҳисси баланди масъулият ва иродаи қавӣ дар роҳи ободонии Ватан, рушди маҳалҳо ва беҳбудии зиндагии мардум саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Дар ин рӯзҳои пурфайзу баракат орзу менамоям, ки ҳар як хонадони тоҷик саршор аз меҳру муҳаббат, фазои сулҳу оромӣ ва ризқу рӯзии фаровон бошад. Бигзор Наврӯзи хуҷастапай ба диёри азизи мо файзу баракат, рушду нумӯ ва ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, комёбиҳои беназир ва хушбахтии ҷовидона ато намояд.
Бо изҳори беҳтарин орзуҳо, бори дигар фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо рӯзгори обод, зиндагии пурсаодат ва иқболи баланд таманно дорам.
Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!