5 феврали соли равон, тибқи талаботи боби 4, банди 29-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушд”-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии…
5 феврали соли равон, тибқи талаботи боби 4, банди 29-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушд”-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии маҷлис натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2025, муайян намудани самтҳои афзалиятноки кор барои давраи минбаъда ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Муминзод Камолиддин бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, аҳли нишастро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Ӯ иброз дошт, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давоми соли 2025 мутобиқ ба барномаҳои ҳизбӣ, сиёсати созандагони давлат ва ҳадафҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки саҳми кормандони Кумита дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар назаррас буда, дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳизбӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ корҳои муайян анҷом дода шудаанд.
Сипас ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушд” шунида шуд. Дар он масъалаҳои зерин ба таври ҷиддӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд:
иштироки кормандон дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҳизбӣ;
корҳои таблиғотӣ ва тарғибӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар; ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо; таҳкими робитаи доимӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.