Санаи 29 декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сардорони Раёсату шуъбаҳо аз натиҷаи корҳои дар ҳафтаи сипаригардида иҷро шуда маълумот доданд.
Дар кори ҷаласа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иҷро ва таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои назоратӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ оид ба фаъолияти Кумита дахлдор мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, супоришҳои мушаххас вобаста ба саривақт ва сифатнок иҷро намудани онҳо ба масъулини соҳа дода шуд.