Санаи 16 декабри соли 2025 Кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» -ро дастҷамъона тамошо кардаанд.
Дар баробари таҳлили фаъолияти сокинони мамлакат дар соли 2025 Пешвои миллат дар назди аҳли ҷомеа бо мақсади пешрафту шукуфоии мамлакат вазифҳои мушаххас низ гузоштанд, ки иҷрои он барои ҳар фарди солимирода ҳатмӣ буда, “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидани соли 2026 боиси истиқбол аст.
Кормандони Кумита омодаанд, бо татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, дар пиёдасозии муҳимтарин ормонҳои давлатдорӣ ва беҳтар гардидани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа дучанд саҳмгузор бошанд.