Бо мақсади рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафта ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсатҳо шуъбаҳо ва бахши Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гирдид.
Дар ҷаласа сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал аз натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита вазифагузорӣ гардида буд маълумот доданд.