Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 13 октябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорои раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф., сардорои шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х., сардори бахши молиявию баҳисобгирӣ Хоҷазода Ш ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор гардиданд, ки давоми ҳафта нисбати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои ҷаласаи Ҳайати мушовара, нақшаи кории солона, нимсола, ҳафтаинаи Кумита ва протоколҳои машваратии назди Раиси Кумита, таҳлили барномаҳои соҳавие, ки мӯҳлати иҷрои онҳо дар соли 2025 ба итмом мерасад ва пешниҳоди маълумот ба сохторҳои дахлдор аз натиҷаи бандҳои Паём аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, барои иҷрои босифати масъалаҳои зикршуда, ба масъулин дастуру супориши мушаххас пешниҳод гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ оид ба фаъолияти Кумита дахлдор мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, супоришҳои мушаххас вобаста ба саривақт ва сифатнок иҷро намудани онҳо ба масъулини соҳа дода шуд.