Рӯзи 3 октябри соли 2025 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини баргузор гардид.
Сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Фирӯз бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллӣ ва омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, табрику таҳният гуфта зикр намуд, ки хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст.
Вобаста ба тахрихи густариши забони давлатӣ кормандони Кумита Одинаева Файзимо ва Талабов Баҳромҷон бо маърузаҳои пурмазмуни худ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ эҳё ва рушд ёфта, мавқеи наву шоиста пайдо кардани забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.