Имрӯз, 1 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатие, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида буданд, супорида шуд.
Дар ин маросим мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим ва раиси Кумитаи рушди маҳал Ҷумъазода Шарифҷон ширкат варзида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва барои сарфароз гардидани Абдураҳимзода Фирӯз Абдураҳим ва Камолзода Файзиддин Умар ба мукофотҳои давлатии медали “Хизмати шоиста” муборакбод гуфтанд.
Дар фарҷом раиси Кумитаи рушди маҳал Ҷумъазода Шарифҷон аз номи коллективи меҳнатӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ миннатдорӣ баён намуд.