Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 1 сентябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Муминзод К.Р., муовини сардорои раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Назаров .А., муовини сардорои раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Заиров А. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Муовини сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Назаров А., муовини сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Заиров А., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х., ва сармутахассиси шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Одинаева Ф. натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд.
Воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор гардиданд, давоми ҳафта нисбати омода намудани маълумоти таҳлилӣ оид ба иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи нақшаи пешниҳодгардида ва муайян намудани иншоот вобаста ба соҳаҳо таҳлил ва баррасӣ намоянд.
Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои таҳлили барномаҳои соҳавие, ки мӯҳлати иҷрои онҳо дар соли 2025 ба итмом мерасад ва пешниҳоди маълумот ба сохторҳои дахлдор аз натиҷаи бандҳои Паём аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, барои иҷрои босифати масъалаҳои зикршуда, ба масъулин дастуру супориши мушаххас пешниҳод гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои дигари ба фаъолияти Кумита дахлдор мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.