Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 25 августи соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Муминзод К.Р., сардорои раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., муовини сардорои раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Заиров А. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., муовини сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Заиров А., ва сармутахассиси шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Одинаева Ф. натиҷаи фаъолият дар ҳафтаи сипаригардида ва иҷрои супоришҳои аз ҷониби Раиси Кумита вазифагузорӣ шуда буд маълумот пешниҳод намуданд.
Воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор гардиданд, давоми ҳафта нисбати иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2024, №41373 (24-4) “Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳаллаи аҳолинишини деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор ва номгузорӣ намудани деҳаи навбунёд ба Ваҳдатобод ва таҳлили барномаҳои соҳавиеро, ки соли ҷорӣ ҷамъбаст мешаванд, ба итмом расонанд.
Инчунин ҷиҳати амалӣ намудани «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабинӣ барои солҳои 2026-2030 оид ба татбиқи «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи амалисозии Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2026 -2030» таҳия гардида, вобаста ба мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас ба масъулин дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои дигари ба фаъолияти Кумита дахлдор мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.