Бо мақсади таҳлили рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои назоратӣ, таъмини нақшаи ҳафта 4 августи соли 2025 таҳти раёсати Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки сардорони раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Абдураҳимзода Ф.А., ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Аббос А.А., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Рустамзода Х.Р., сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г. ва кормандони Кумита ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Воҳидҳои сохтории Кумита вазифадор гардиданд, давоми ҳафта нисбати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи мухтасари арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсоли якуми соли 2025, пешниҳоди маълумот ба сохторҳои дахлдор аз натиҷаи бандҳои Паём ва бандҳои дахлдори нақша чорабини Кумита барои нимсолаи дуюм фаъолиятро ба роҳ монда, таҳлили барномаҳои соҳавиеро, ки соли ҷорӣ ҷамъбаст мешаванд, ба итмом расонанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои дигари ба фаъолияти Кумита дахлдор мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.