Дар асоси нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаиҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, сардорони раёсатҳо ва шуъбаю бахшҳо баргузор гардид.
Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода рӯзноманигоронро бо натиҷаҳои фаъолият шинос намуда, аз ҷумла зикри он дошт, ки фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоьангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Кумита бо мақсади мусоидат бар рушди маҳал дар нимсолаи аввали соли 2025 ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараро оид ба вазъи иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025”-ро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор намуда, вазъи татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд ва дар ин самт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қабул гардида, имсол натиҷаи корҳои дар ин самт иҷро гардида ҷамъбаст мегардад ва ба самъи Шумо мерасонам, ки дар як вақт барои таҳияи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, иҷрои корҳо идома дорад.
Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Дарвоз, Дӯстӣ, Хуросон, Бохтар, Муъминобод, Турсунзода, Хуҷанд, Ҷайҳун, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи хуб амалӣ гардидааст, ки барои рушди соҳаи иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Мехоҳам ба як масъала диққати Шуморо ҷалб намоям дар ҷумҳурӣ деҳаҳои навбунёди дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёдгардида 182 деҳаро ташкил медиҳад, ки дар ин деҳаҳо 101 ҳазору 383 нафар шаҳрвандон зиндагӣ мекунанд. Бо шарофати татбиқи лоиҳаҳои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаҳои навбунёд 10 муассисаи томактабӣ, 83 муассисаи таълимӣ ва 70 бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин аз шумораи умумии аҳолии деҳаҳои болозикр 71 ҳазору 160 нафар бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд ва дар ин деҳаҳо бунёди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳо идома дорад.
Тибқи нақшаи кори барои нимсолаи якуми соли 2025 бо мақсади омӯзиши рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои ҳукуматӣ, рафти баргузории озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ кормандони Кумита ба шаьру ноҳияҳои Деваштич, Гулистон, Мастчоҳ, Истиқлол, Норак, Ёвон, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Панҷ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш сафари хизматӣ анҷом дода, аз натиҷаи он гузориши таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Кумита дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати омода намудани пешниҳод оид ба ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал, такмил ва таҳкими асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодии идоракунии маҳал, такмили фаъолияти макомоти идоракунии маҳаллӣ, тақвияти масъулияти онҳо дар назди ҷомеа, ҳамоҳангсозии тадбирҳо ва фароҳам овардани шароит барои рушди маҷмуии ҳудудию маъмурӣ ва такмили идоракунии маҳаллӣ, ҳайати сифатии раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ба ҳолати 1 апрели соли 2025 мавриди таҳлил қарор дода, маълумотнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Кумита дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” дар соли 2024 ва семоҳаи якуми соли 2025-ро арзёбӣ намуда, маълумоти таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯӣ ва ислоҳи камбудиҳо ирсол карда шуд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳсуб ёфта, дар ҷумҳурӣ бунёду азнавсозии 29 ҳазору 910 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 23 ҳазору 228 адад иншоот бо таъсиси 47 ҳазору 457 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 77,7 фоизи нақшаро дар бар гирифта, аз он 827 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 765 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 1851 дар соҳаи маориф, 621 майдончаи варзишӣ, 225 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 1276 иншоот дар соҳаи хизматрасонӣ, 750 бинои истиқоматӣ, 236 бинои маъмурӣ, 2367 иншоот дар соҳаи савдо ва хуроки умумӣ, 463 адад купрукҳо, 3251 банд оид ба сохтмон ва таъмири роҳҳо ва 10596 адад дигар иншоотро ташкил медиҳад, ки қисми бештари онҳо дар маҳал ҷойгиранд ва дар ояндаи наздик барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фарогирии насли наврас ба таълиму тарбия, беҳтар гардидани хизматрасониии тиббӣ, тарщиби тарзи ҳаёти солим ва такмилбахшии корҳо дар самти рушди маҳал мусоидат менамояд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” барои соли 2025 иҷрои корҳоро бо мақомоти маҳаллӣ ба роҳ монд ва қобили қайд аст, дар доираи фестивали мазкур дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 2 млн.360 ҳазору 561 бех ниҳолшинонӣ шинонида шудааст, ки аз ин шумора 800 ҳазору 680 бех ниҳоли сояафкан, 672 ҳазору 887 бех ниҳоли ҳамешасабз ва ороишӣ, 886 ҳазору 994 бех ниҳоли мевадиҳанда, 16 млн. 252 ҳазору 306 бех гулу буттаҳои мавсимӣ, 7 млн. 394 ҳазору 246 бех гули лола, 1 млн. 803 ҳазору 734 қаламча, 176 ҳазору 721 метри квадратӣ майсазор, 212,2 га барқароркунии боғҳои кӯҳна ва 143 га бунёди боғҳои навро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар соли 2025 санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, аъзоёни гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид, ки ғолибони фестивал бо мукофотҳои пулӣ, шаьри Душанбе бо Шоҳҷоиза ва ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ, дипломҳои дараҷаи якум ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, дуюм ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ, сеюм ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуда, инчунин шахсони ташаббускор дар ин самт бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки дар номинатсияи шаҳри беьҳтарин шаҳри Хуҷанд ба гирифтани ҷои якум, Кӯлоб ҷои дуюм ва Ҳисор ҷои сеюм гардида, дар байни вилоятҳо вилояти Суғд сазовори ҷои якум ва вилояти Хатлон ҷои дуюм гардиданд.
Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ Кумита супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2024, №4110(29-4.2) оид ба ҳамкорӣ бо деҳаҳои Тоҷикистон дар заминаи нусхаи номаи Маркази Сэмаул Ундонги Ҷумҳурии Корея роҷеъ ба тасмими ҷониби ташкилоти мазкур ҷиҳати амалисозии лоиҳа дар самти рушди деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2024-2028, лоиҳаи дастгирии молиявии мазкур дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти “Маркази Сэмаул Ундонги Ҷумҳурии Корея” дар 4 деҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ( деҳаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав) бо ҷалби маблағи 440 ҳазор доллари амрикоӣ мавриди амал қарор дорад.
Бояд зикр намуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа ба маблағи 784 ҳазор сомонӣ амалигардида, ҷиҳати оғоз намудани корҳо дар марҳилаи дуюм маблағҳои кӯмаки молиявӣ ба суратҳисобҳои маҳаллаҳои пилотӣ интиқол шуда, тибқи сметаи хароҷот корҳои созандагиву ободонӣ идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи рушди маҳал якчанд шартномаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода, бо дарназардошти хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор санадҳои зарурӣ таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод намуд.
Айни замон 36 созишномаҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкорӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 адад, вилояти Суғд 9 адад, вилояти Хатлон 25 адад санадҳои дуҷонибаи бародаршаҳрӣ ва ҳамкорӣ мавриди амал қарор доранд.
Ба самъи Шумо мерасонам, ки дар баробари дастоварду натиҷаҳои хуби зикршуда, дар арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбудиҳо низ вуҷуд доранд ва мо ба вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ дар баробари арзёбӣ барои беҳбудии фаъолият таклифу пешниҳод низ ирсол намудаем ва умедворам, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолият дар ояндаи наздик мушкилоти мавҷуда бартараф ва самаранокии кор дучанд амалӣ хоҳад шуд.
Баъдан рӯзномагирон ба пурсишҳои худ, ки асосан ба натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, таъмини аьолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии коммуналӣ, номгузории кӯчаву маҳаллаҳо, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалсаҳои хоси маҳал буданд, посух гирифтанд. Дар анҷом раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ба намояндагони воситҳои ахбор барои ташриф ва ҳузурашон дар кори нишасти матбуотӣ изҳори сипос намуда, баёни он дошт, ки кормандони Кумита барои судмандии фаъолият ва пиёдасозии олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ омодаанд, бо рӯзноманигорон ҳамкориро ба роҳ монанд.