Дар толори маҷлисгоҳи Кумита бахшида Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода, ва кормандон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар сухани ифтитоҳии худ раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо иродату ихлос аз ҳастию амали сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути он ин санади тақдирсозу фардобахши миллат моро насиб гардидааст, муборак бод гуфта ба аҳли толор зиндагии орому осуда, бахту иқболи нек, файзу баракат ва ҷовидониро таманно намуд.
Мавсуф зикри он дошт, чун мо дар арафаи ҷашни бароямон муқаддас-Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихии худ – фароҳам овардани фазои осоиштаву ором, таъмини Ваҳдати миллӣ, гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмиллалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро хубӣ иҷро менамояд. Мо низ аз ҷониби худ бояд бо шукргузорӣ аз ин санади тақдирсоз ва бахтномаи миллати хеш бо шарофати ҷовидонии ваҳдати миллӣ, эътирофи волоияти қонун, демократия, озодии виҷдону сухан ва нангу номуси ватандорӣ, мақоми ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ дучанд намуда, ба мақсадҳои наҷиб ва олии худ бирасем.
Дар фарҷоми сухан раиси Кумита ҳамаи кормандонро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, пойдории адолати қонун, бахту саодат, ободии рӯзгор ва сарфарзию хушбахтиҳоро таманно намуд.