Дар толори маҷлисгоҳи Кумита бахшида Рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода, муовини якуми раиси Кумита Муминзод К.Р. ва кормандон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар сухани ифтитоҳии худ раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода Рўзи Ваҳдати миллиро, ки бо муборакии қадам, заковати фитрӣ, хиради оламгир ва андешаҳои ҷаҳонсози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фазои ҷомеа нури раҳмат, сулҳу салоҳ, дўстиву рафоқатро эҳё намуда, ба пойдории давлати навини тоҷикон заминаи устувор гузоштаву ба тани миллат рўҳу ҷони дигар бахшидааст, табрику таҳният гуфта, ба аҳли толор рўзгори орому осуда, сулҳу ороми, бахту иқболи нек, файзу баракат ва ҷовидонии ваҳдати миллиро таманно намуд.
Мавсуф зикри он дошт, ки воқеан расидан ба сулҳи комил оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид хомўш намуда, ба пойдории давлати тозаистиқлоламон заминаи боэътимод ва устуворию пойдории дигар эҳё намуд.
Дар шинохти мақом ва бузургдошти ин санаи таърихӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ҳақ зикр кардаанд, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарўзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тўлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандўст муяссар гардидааст.
Таҷрибаи таърихи навини давлатдориамон собит менамояд, ки танҳо усутувории мавқеъ, ғояву оромони ватандорӣ, ҳисси баланди ватандўстиву ватанпараст, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа метавонад моро аз хатарҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ эмин нигоҳ дорад ва ба рушди минбаъда ва пиёдасозии муҳимтарин ҳадафои Ҳукумати мамлакат заминаи устувор эҳдо намояд.
Сафари тозаоғози Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бори дигар собит менамояд, ки тавассути пойдории Ваҳдати миллӣ мо тавонистем Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаву соҳибсиёсат табдил диҳем.
Бо итминон метавон гуфт, ки сокинону соҳибкорони заҳматпешаи натанҳо ВМКБ балки дигар шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандўстию иқдомҳои ҷавонмардона барои вусъати корҳои созандаву ободгарона саъю талош хоҳанд кард. Сулҳу ваҳдат, муттаҳидиву сарҷамъиро, ки сарчашмаи бахту иқбол, пешрафти давлату миллат маҳсуб меёбад шиори ҳамешагии худ қарор дода, ҳамаи кўшишу ғайрат ва ҳиммати худро барои ободии диёр, таҳкими суботу амният, ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият ва дар рўҳияи баланди хештаншиносию ватандўстӣ тарбия намудани фарзандон равона месозанд.
Итминони комил дорам, ки сокинони мамлакат минбаъд низ содиқ ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҷомеа фаъолиятро дучанд ба роҳ хоҳанд монд.
Баъдан сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Ҳайётов Н.Г. дар мавзўи “Ваҳдат ва муҳимияти дар ҷомеа” маърўза кард.
Бигзор истиқлолияти миллати тоҷик пойдору ҷовидон бошад. Ҷашни Ваҳдати миллӣ барои шумо ва дар симои шумо ба аҳли диёр фархунда бод!