Дар ноҳияи Нуробод мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол бо шиори «Ба назди Шумо меоям» баргузор гардид, ки дар он аз ноҳияи Лахш кӯдакони синну солашон 9-10 сола (солҳои таваллуди 2016-2017) иштирок намуда, дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд, ки ин сарфарозии ҳар як сокини ноҳия мебошад.
Санаи 19 январи соли ҷорӣ дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин ғолибонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.