Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини прокуратураи ноҳияи Лахш
Имрӯз ёрдамчии калони прокурори ноҳия Хоҷазода Фируз дар байни коллективҳои меҳнатии як қатор ташкилоту муассисаҳо ва байни соҳибкорону дигар ҷойҳои ҷамъиятии ноҳия суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои истифодаи самараноки…
Имрӯз ёрдамчии калони прокурори ноҳия Хоҷазода Фируз дар байни коллективҳои меҳнатии як қатор ташкилоту муассисаҳо ва байни соҳибкорону дигар ҷойҳои ҷамъиятии ноҳия суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои истифодаи самараноки нерӯи барқ, риояи қоидаҳои истифода, пешгирии талафоти барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи истифода баррасӣ гардид. Номбурда сокинонро аз масъулият ва ҷавобгарии қонунӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ огоҳ кард.
Ҳамзамон, ба сокинон оид ба ҳолати техникии хатҳо, сабабҳои эҳтимолии камшавии шиддат, роҳҳои дурусти васл намудани таҷҳизоти барқӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини мунтазамӣ шарҳ дода шуд.
Сокинон зимни мулоқот саволҳои худро оид ба мушкилоти мавҷуда матраҳ намуда, пешниҳодҳои худро ба масъулон ироа карданд.
Чунин мулоқотҳо дар ҷамоатҳои дигар низ идома меёбанд, то сатҳи огоҳии аҳолӣ дар истифодабарии дурусти нерӯи барқ боз ҳам баланд гардад.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини прокуратураи ноҳия ба сокинони ноҳия доир ба масъалаҳои болозикр маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.