ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МТМУ №18 МАРҲИЛАИ ЯКУМ ДАР СОЛИ 2026
Санаи 15 январи соли равон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар асоси Нақшаи тасдиқгардида бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и деҳаи Қалъаи…
Санаи 15 январи соли равон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар асоси Нақшаи тасдиқгардида бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и деҳаи Қалъаи зангкӯби Ҷамоати деҳоти Наврӯз вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар он муовини раиси ноҳия Абдулазиззода Н., и.в. роҳбари ШМ КАТС-и ноҳия Юсуфзода Б., мудири шӯъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон, хонандагон, омӯзгорон ва кумитаи падару модарон иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби наврасону ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи маориф", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ байни наврасону ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим, истифодаи дурусти қувваи барқ ва қонунгузории нав дар бораи нерӯи барқ, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.