14 август дар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок намуда, бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд шинос шуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур, кормандони Агентии хоҷагии ҷангал бо маҳсулоти коркардшудаи ҷангалро, аз ҷумла нӯшобаи хуч, зардолу, инчунин гиёҳҳои шифобахш ба монанди бӯи модарон, пудина, кокутӣ ва зиркро ба маърази намоиш гузоштанд.
Ҳамчунин, бо ороиши махсус ва тарзи муаррифии ҷолиб, маҳсулоти пешниҳодшуда таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб карда, баҳои баланд гирифт.
Ин иқдом ҳамчун саҳми арзанда дар муаррифии маҳсулоти миллӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ гардид.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар пойтахт бо шукӯҳ баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастовардҳои худро ба намоиш гузошта, бо маҳсулоти гуногун ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Намоишгоҳ ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе баргузор мешавад ва бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардидааст.
Ин иқдом на танҳо муаррифии маҳсулоти миллӣ ва фарҳангии кишварро таъмин менамояд, балки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад.