Субҳи имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Куруши Кабири шаҳри Душанбе фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки маскани асосии гули лола дар ҳудуди Тоҷикистон буда. 24 намуди он ҳамчун гули худрӯй…
Субҳи имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Куруши Кабири шаҳри Душанбе фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки маскани асосии гули лола дар ҳудуди Тоҷикистон буда. 24 намуди он ҳамчун гули худрӯй вомехӯрад. Дар гузашта байни халқи тоҷик ҳамасола иди сайри гули лола таҷлил гашта, сипас ин намуди гул ба Осиёи хурд, Туркия, Ҳоланд ва дигар мамлакатҳо паҳн шудааст.
Воқеан, шаҳри Душанбе яке аз пештозони корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, барандаи комили шоҳҷоизаи озмуни “Сайри гули лола” дар солҳои сипаришуда мебошад.