Санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ дар мавзуи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030"баргузор гардид. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар…
Санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ дар мавзуи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030"баргузор гардид.
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 — санади муҳими давлатӣ мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори №167 аз 30 апрели соли 2021 қабул кардааст. Ин санад дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон ва таъмин намудани баробарӣ миёни мардон ва занон таҳия ва амалӣ карда мешавад.
Яке аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ дар даврони истиқлолият барои занон ин таҳияи ва қабули қонунгузорӣ дар ҷодаи баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани ҳуқуқи занон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа чунин таъкид намуданд: “Зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӣ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Ҳамчунин, фаъолгардонии нақши занон ва ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Бо дарназардошти зарурати ин масъала дар ҷумҳури Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва кафолатҳои баробари амалигардонии онҳо”, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул гардидааст.
Зикр намудан бо маврид аст, ки Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар Паёми навбати дар бунёди эъмори ҷомеаи муосир ва рушди давлат дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки занон ҳамчун нерӣи созанда дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ, дар рӣҳияи ватандӣстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, сару либос ва пешгирии ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҳаракатҳои номатлуби ҷавонон вобаста ба масоили ифротӣ ва зидди манфиатҳои ҷомеадошта саҳми арзишманди худро мегузоранд.