Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Баландқурғон»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва хоҷагии деҳқонии «Исломбойсаркор»-и Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ҷамъоварии ҳосили пахта бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Истифодаи…
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Баландқурғон»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва хоҷагии деҳқонии «Исломбойсаркор»-и Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ҷамъоварии ҳосили пахта бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.
Истифодаи техникаҳои муосир дар ҷамъоварии пахта қадами муҳим дар самти корҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба ҳисоб меравад.
Техникаҳои мазкур аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, барои ҷамъоварии пахта мутобиқ гардонида шудаанд. Истифодаи чунин техника дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия таҷрибаи аввалин ба шумор рафта, метавонад дар оянда барои густариши корҳои механиконидашуда дар соҳаи пахтакорӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Зимни ҷамъоварии ҳосил техникаҳои муосир имконият медиҳанд, ки корҳои саҳроӣ дар муҳлати кӯтоҳтар ва бо ҷалби камтари қувваи корӣ анҷом дода шаванд. Ин раванд ҳамчунин барои коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат менамояд.