Тибқи нақшаи баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва рӯзҳои саҳроӣ, дар асоси қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисони шуъбаи Генезис, тасниф ва харитасозии хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва СТМХ…
Тибқи нақшаи баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва рӯзҳои саҳроӣ, дар асоси қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисони шуъбаи Генезис, тасниф ва харитасозии хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва СТМХ дар Вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан хоҷагии деҳқонии Мирзо Қиёмов бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, хоҷагидорону деҳқонон (фермерон) бо шумораи бештар аз 40 нафар Рӯзи саҳроӣ гузаронида шуд.
Дар қисми назариявии Рӯзи саҳроӣ аз ҷониби иштирокдорон қайд гадид, ки истифодаи технологияи муосир ҳамчун омили муҳими идоракунии маълумот дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити имрӯза барои рақамикунонии кишоварзӣ инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани Ҳукумати электронӣ ба маврид мебошад. Ҳамзамон яке аз ҳуҷҷати асосӣ дар бораи пешбурди соҳаи кишоварзӣ, ин донистани ҷойгиршавии хокҳо дар минтақаҳои гуногун дар харита мебошад. Харитаи паҳншавии хокҳои Тоҷикистон дар асоси аксҳои кайҳонӣ ҳанӯз дар соли 1983 аз чоп бароварда шуда буд ва дар он бисёр масъалаҳои номаълум вуҷуд дошт.
Олимону мутахассисони институт бо иштирокчиён дар мавзуҳо оид ба харитаҳои рақамии хок, омӯзиши ҳолати ҳозираи хокҳои минтақаи миёнакӯҳ бо истифодаи технологияҳои СИҶ, дастрас намудани харитаҳо аз сомонаҳои интернетӣ ва дигар мавзуҳое, ки бо технологияи СИҶ вобастагӣ доштанд, изҳори ақида намуданд.
Дар фарҷом вобаста ба мавзуи «Таснифоти хокҳои минтақаи Суғд бо мақсади таҳияи харитаҳои хок» саволу ҷавоби иштирокчиён ва таклифу пешниҳодоти онҳо сурат гирифт. Қарор қабул карда шуд, ки дар оянда барои дуруст ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ корҳои зерин аз ҷумла: