Дар санаи 15–16 сентябри соли 2026 кормандони Стансияи таҷрибавии хокшиносӣ-мелиоративии Вахш дар семинари омӯзишии «Табибони хок» фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти семинар иштирокчиён бо усулҳои муосири омӯзиш ва арзёбии ҳолати хок шинос…
Дар санаи 15–16 сентябри соли 2026 кормандони Стансияи таҷрибавии хокшиносӣ-мелиоративии Вахш дар семинари омӯзишии «Табибони хок» фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти семинар иштирокчиён бо усулҳои муосири омӯзиш ва арзёбии ҳолати хок шинос гардида, корҳои амалиро оид ба муайян намудани нишондиҳандаҳои муҳими хок анҷом доданд.
Аз ҷумла, барои муайян намудани шиддатнокии нури офтоб, арзиши рН (pH), намнокии хок ва ҳарорати хок санҷишҳои амалӣ гузаронида шуданд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои саҳроӣ иштирокчиён тарзи истифодаи таҷҳизоти ченкунӣ, гирифтани нишондиҳандаҳо ва баҳодиҳии ҳолати хокро дар шароити саҳроӣ омӯхтанд. Дар анҷоми семинар ба кормандони стансия сертификатҳои иштирок дар барномаи «Табибони хок» супорида шуданд.