9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Президенти кишвар…
9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ гардид ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфт.
Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин марҳалаи тақдирсоз мардуми сарбаланду истиқлолхоҳи тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он ба хотири ҳифзи давлатдории миллии худ сарҷамъу муттаҳид шуданд ва Ватани маҳбуби хешро аз ин фоҷиа наҷот доданд.
“Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, - иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯйдоди бузург, яъне истиқлолро барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки пешрафту ободиҳое, ки бо дастони мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як фарди Ватан дар 35 соли гузашта анҷом дода шуданд, аз нигоҳи арзиши таърихӣ ба 100 сол баробар аст.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди мо дар ин муддат барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, истиқрори сулҳи пойдору бебозгашт ва расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо муборизаву фидокориҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ба даст омад.