Ҳамкорони азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ба шумор меравад, самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва сарвати бебаҳои маънавии миллат, пайвандгари наслҳо, нигаҳдорандаи таъриху фарҳанг ва омили муҳими таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллии мо мебошад.
Мо имрӯз бо ифтихор метавонем бигӯем, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ мақоми хос пайдо карда, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа густариш ёфтааст.
Дар ин раванд нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан назаррас мебошад.
Бо сиёсати пайгирона ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба масъалаҳои забон барои ҳифз, рушди минбаъда ва густариши забони давлатӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Мо бояд онро на танҳо дар рӯзҳои ид, балки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ эҳтиром намоем, дуруст ва тибқи меъёр истифода барем ва барои поку беолоиш нигоҳ доштани он саҳм гузорем.
Дар ин самт кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ низ масъулияти хос доранд.
Фаъолияти мо бо санадҳои меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ, дастуру супоришҳо, санҷишу назорат ва муоширати ҳамарӯзаи касбӣ алоқаманд мебошад.
Аз ин рӯ, истифодаи дуруст ва равони забони давлатӣ дар фаъолияти хизматӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фарҳанги касбӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як корманд мебошад.
Ҳар як санад, ҳисобот, мактуб, дастур ва ҳуҷҷати хизматие, ки бо риояи меъёрҳои забони давлатӣ таҳия мегардад, дар таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ дар муҳити корӣ саҳми худро мегузорад.
Бовар дорам, ки ҳар як корманди Хадамот бо дарки масъулияти баланди хизматӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар фаъолияти худ ба забони давлатӣ арҷ мегузорад, меъёрҳои онро риоя мекунад ва барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ саҳми муносиб мегузорад.
Забони давлатӣ мероси арзишманди миллат ва неъмати бебаҳои маънавист. Вазифаи мо ин аст, ки онро ҳамчун сарвати миллӣ ҳифз намуда, ба наслҳои оянда бо ҳамон зебоӣ, ғановат ва покизагӣ расонем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳои нав орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!