ХИЗМАТИ ШОИСТА ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои тантанавӣ як қатор кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти софдилона, хизмати шоиста, саҳми арзанда дар таъмини бехатарии саноатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қадрдонии кормандони соҳа дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ нишонаи эҳтиром ба меҳнати содиқона ва масъулияти баланди касбии мутахассисоне мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, пешгирии хавфҳои истеҳсолӣ ва таъмини шароити бехатари меҳнат равона шудааст.
Дар асоси фармоиши сардори Хадамот як қатор кормандон барои фаъолияти пурсамар, иҷрои масъулиятҳои хизматӣ ва саҳми арзанда дар таъмини бехатарии корҳо бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи кӯҳкорӣ, таҳкими ҳамкории судманди байниидоравӣ ва саҳми назаррас дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, инчунин ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо Сипосномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Таъмини бехатарии саноатӣ дар шароити рушди соҳаҳои саноат ва истихроҷи маъдан аз самтҳои муҳими фаъолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, масъулияти кормандони Хадамот дар ин раванд ниҳоят муҳим мебошад. Маҳз фаъолияти касбӣ, назорати мунтазам ва муносибати масъулиятшиносона барои пешгирии садамаҳо, коҳиши хавфҳои истеҳсолӣ ва ҳифзи ҷони кормандон замина фароҳам меорад.
Мукофотҳои соҳавӣ на танҳо нишони қадршиносӣ, балки ҳавасмандии кормандон барои фаъолияти минбаъдаи самаранок, такмили донишу малакаи касбӣ ва иҷрои масъулиятҳои хизматӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошанд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба заҳмати содиқонаи аҳли соҳа ва саҳми онҳо дар рушди саноат, кӯҳкорӣ ва таҳкими бехатарии истеҳсолот. Бешубҳа, фаъолияти масъулиятшиносонаи кормандони Хадамот дар ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон ва таъмини рушди устувори соҳаҳои истеҳсолии кишвар аҳаммияти муҳим дорад.
Маркази матбуот