Valizoda Ismoil Sulton
Head of the State Service for Supervision of Industrial Safety and Mining Operations under the Government of the Republic of Tajikistan
Head of the State Service for Supervision of Industrial Safety and Mining Operations under the Government of the Republic of Tajikistan
First Deputy Head of the State Service for Supervision of Industrial Safety and Mining Operations under the Government of the Republic of Tajikistan
Deputy Head of the State Supervision Service for Safety of Works in Industry and Mining Sector under the Government of the Republic of Tajikistan
Раёсати илмию-техникӣ санадҳои қонунгузорӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва меъёрии техникии соҳаҳои вобасташударо таҳия менамояд.
Бахши умумӣ мактубҳои воридотӣ ва содиротии Хадамотро назорат мекунад
Нозироти давлатии назорати саноати кӯҳӣ-техникӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки бо таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор доданд, таҷдид, барқарорсозӣ, маҳфуз доштан ва барҳам додани иншооти кӯҳӣ алоқаманд аст, назорат мекунад
Нозироти давлатии назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин фаъолияти худро вобаста ба иҷрои корҳои геологӣ, маркшейдерӣ ва истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок амалӣ менамояд.
Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда фаъолияташро ҷиҳати таъмини риояи қонунҳо оид ба муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии саноатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ мемонад. Нозироти давлатӣ назорати техникиро оид ба бехатарии саноатӣ дар корхона ва ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва таъмиркунанда, ки таҷҳизот, асбоб, мошинаҳо ва механизмҳои барои истеҳсоли маводи таркандаи оддитарин истифодашавандаро таҳвил менамоянд, амалӣ менамояд
Нозироти давлатии назорати иншоотҳои борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки фаъолияташон ба корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо равона карда шудааст, меъёрҳои дахлдорро дар соҳаи иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо сармашқи кор қарор медиҳанд, назорат мекунад
Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ фаъолияти худро дар соҳаи истеҳсолоти кимиёвӣ, нафту кимиёвӣ, хавфи таркишдошта ва зараровар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад, инчунин назорати техникиро дар иншооти истеҳсолии хатарнок амалӣ менамояд