Valizoda Ismoil Sulton
Head of the State Service for Supervision of Industrial Safety and Mining Operations under the Government of the Republic of Tajikistan
Head of the State Service for Supervision of Industrial Safety and Mining Operations under the Government of the Republic of Tajikistan
First Deputy Head of the State Service for Supervision of Industrial Safety and Mining Operations under the Government of the Republic of Tajikistan
Deputy Head of the State Supervision Service for Safety of Works in Industry and Mining Sector under the Government of the Republic of Tajikistan
Нозироти давлатии назорати саноати кӯҳӣ-техникӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки бо таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор доданд, таҷдид, барқарорсозӣ, маҳфуз доштан ва барҳам додани иншооти кӯҳӣ алоқаманд аст, назорат мекунад
Нозироти давлатии назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин фаъолияти худро вобаста ба иҷрои корҳои геологӣ, маркшейдерӣ ва истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок амалӣ менамояд.
Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда фаъолияташро ҷиҳати таъмини риояи қонунҳо оид ба муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии саноатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ мемонад. Нозироти давлатӣ назорати техникиро оид ба бехатарии саноатӣ дар корхона ва ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва таъмиркунанда, ки таҷҳизот, асбоб, мошинаҳо ва механизмҳои барои истеҳсоли маводи таркандаи оддитарин истифодашавандаро таҳвил менамоянд, амалӣ менамояд
Нозироти давлатии назорати иншоотҳои борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки фаъолияташон ба корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо равона карда шудааст, меъёрҳои дахлдорро дар соҳаи иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо сармашқи кор қарор медиҳанд, назорат мекунад
Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ фаъолияти худро дар соҳаи истеҳсолоти кимиёвӣ, нафту кимиёвӣ, хавфи таркишдошта ва зараровар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад, инчунин назорати техникиро дар иншооти истеҳсолии хатарнок амалӣ менамояд
Нозироти давлатии назорати газ фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии шабакаҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии газ ва иншооти газӣ, нуқтаҳо ва дастгоҳҳои газтақсимкунӣ, нуқтаҳои газпуркунӣ ва истгоҳҳои газпуркунии автомобилӣ, дастгоҳҳои газии гурӯҳии зарфӣ ва дастгоҳҳои баллонии гази моеъ, газгузаронакҳо ва таҷҳизоти гази корхона, ҷамъият ва ташкилотхои саноатӣ, аграрӣ, коммуналӣ, ки аз газгузаронакҳои магистралӣ, шаҳрӣ ва дастгоҳҳои гази моеъ (пропан, бутан) газ мегиранд, ба ғайр аз дастгоҳҳои газистифодабарии сайёр, агрегатҳо ва таҷҳизоти гази биноҳои истиқоматӣ ва иншооти коммуналӣ - маишӣ, ки дар онҳо танҳо асбобҳои газӣ-маишӣ васл карда шудаанд, назорат мекунад.
Нозироти давлатии назорати иншоотҳои истеҳсолии хатарнокро тибқи тартиби муқарраргардида дар Феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ба қайд мегирад ва иншооти истеҳсолии хатарнокро назорат мекунад. Сохторҳои давлатӣ ва маҳаллиро аз ҳолати бехатарии саноатии корхонаҳо, ташкилот ва соҳибмулкон хабардор менамояд.
Нозироти давлатии назорати геологӣ корҳои геофизикии саҳроӣ ва тадқиқоти истихроҷии геофизикии чоҳҳо (бо корҳои паррондан ва таркишӣ) дар конҳои нафт, газ, конденсати газ, ангишт, нақбҳои кӯҳии зеризаминӣ ва кушода, корҳои ёрирасоние, ки бевосита дар объектҳои пармакунӣ, истихроҷи нафту газ, ангишт, хатҳои геофизикӣ гузаронида мешаванд, инчунин қоидаҳо, меъёрҳо, стандартҳо ва иҷрои шартҳои иҷозатномаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад