Истиқлоли давлатӣ ормони деринаи миллати тоҷикро ба воқеият табдил дода, барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлат ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи васеъ боз намуд.
Дар тӯли 35 сол мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи давлатсозӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, созандагӣ ва рушди устуворро тай намуд. Дар ин давра симои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба куллӣ дигаргун гардида, барои рушди саноат, энергетика, инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими рушди миллӣ саноатикунонии босуръат мебошад. Зеро саноати пешрафта, пеш аз ҳама, бояд саноати бехатар бошад. Дар ин масири созанда нақш ва масъулияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ боз ҳам бештар мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Хадамот низ марҳилаи муҳими ташаккул, таҳаввул ва рушди худро тай намуда, ба сохтори муосир ва дорои низоми мукаммали назорати давлатӣ табдил ёфт.
Таърихи ташаккули ин ниҳод аз соли 1958 оғоз ёфта бошад ҳам, маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ фаъолияти он мазмуну моҳияти нав касб намуд. Сохтори идоракунӣ, заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, иқтидори касбӣ ва имкониятҳои моддию техникии Хадамот пайваста такмил ёфтанд. Нуқтаи муҳим дар ин раванд қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 2013 мебошад, ки дар асоси он сохтори муосир ва мустақили Хадамот таъсис дода шуд.
Имрӯз Хадамот назорати давлатиро дар самти бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, корҳои кӯҳӣ-техникӣ, омӯзиши геологии қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ва дигар самтҳои барои иқтисоди миллӣ муҳим амалӣ менамояд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ доираи фаъолияти Хадамот мутобиқ ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ васеъ гардида, назорати бехатарии корҳо дар соҳаҳои кимиё ва металлургия, иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда, техникаи аттраксионӣ ва дигар иншооти дорои хавфи эҳтимолиро низ фаро гирифтааст.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин давра таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳа мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 50 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия ва қабул гардида, барои танзими муносибатҳои соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии истеҳсолот ва мутобиқ намудани фаъолияти назоратӣ ба талаботи замони муосир заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва баланд бардоштани маърифати бехатарӣ бюллетенҳои иттилоотӣ, семинару машваратҳо ва чорабиниҳои сайёр дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мунтазам баргузор карда мешаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз самтҳои муҳим ва масъулиятноки фаъолияти Хадамот дар даврони соҳибистиқлолӣ таъмини бехатарии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо иншооти бузурги энергетикӣ, балки таҷассумгари иродаи созандаи давлат, рамзи истиқлол ва боварии мардуми Тоҷикистон ба фардои дурахшони Ватан мебошад. Дар чунин иншооти бузурги стратегӣ масъалаи таъмини бехатарии истеҳсолот, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёту саломатии кормандон аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад.
Бо дарназардошти аҳаммияти стратегӣ ва мураккабии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», таъмини бехатарии корҳо дар ин иншооти бузурги миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Хадамот ба ҳисоб меравад.
Мутобиқи Низомномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун», Хадамот роҳбарии бевоситаи Гурӯҳи назорати техникаи бехатариро ба уҳда дошта, риояи қоидаву меъёрҳои бехатариро дар тамоми майдончаҳои сохтмонии неругоҳ таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад.
Бо мақсади иҷрои супориши Пешвои муаззами миллат зимни сафари корӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» 14-уми октябри соли 2020, аз 1 декабри ҳамон сол дар иншооти мазкур назорати техникии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд. Ин тадбир барои таҳкими назорати риояи талаботи бехатарӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёту саломатии кормандон заминаи муҳим фароҳам овард.
Дастоварди дигари муҳими даврони соҳибистиқлолӣ густариши ҳамкориҳои байналмилалии Хадамот мебошад.
Имрӯз Хадамот дар доираи ҳафт санади муҳими байналмилалӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Туркманистон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо барои табодули таҷриба, такмили механизмҳои назорати давлатӣ, омӯзиши усулҳои муосири пешгирӣ ва мониторинги хавфҳои саноатӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 20 корманди Хадамот дар курсҳои омӯзишӣ иштирок намуда, донишу малакаи касбии худро такмил доданд.
Пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ дар соли 2025 низ қадами муҳим дар самти таҳкими низоми миллии бехатарии саноатӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Талаботи замони муосир тақозо менамояд, ки низоми идоракунии давлатӣ пайваста такмил ёфта, аз имкониятҳои технологияҳои нав ба таври васеъ истифода шавад. Дар ин замина, Хадамот низ ба раванди рақамикунонӣ қадамҳои устувор гузоштааст.
Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ хизматрасониҳои электронӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи имзои электронӣ дар фаъолияти Хадамот роҳандозӣ гардидааст. Пардохти хизматрасониҳои давлатӣ, ҷаримаҳо ва боҷҳои давлатӣ низ ба таври ғайринақдӣ тавассути QR-рамзҳо ва POS-терминалҳо амалӣ карда мешаванд.
Қадами муҳими нав дар ин самт қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2026 мебошад. Мутобиқи он дар сохтори дастгоҳи марказии Хадамот шуъбаи «Технологияҳои рақамӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ» таъсис дода шуд.
Ин иқдом барои рушди хизматрасониҳои электронӣ, такмили мубодилаи иттилоот, таҳкими робита бо ҷомеа ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, фаъолияти Хадамотро ба талаботи замони муосир боз ҳам наздиктар менамояд.
Дастовардҳои Хадамот дар солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо бо фаъолияти назоратӣ маҳдуд намешаванд. Кормандони Хадамот дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи давлат низ саҳми худро мегузоранд.
Бо саҳми Хадамот дар шаҳри Душанбе се майдончаи муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ин иқдомҳо ифодагари масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии пойтахти азизамон мебошанд.
Агар ба роҳи тайкардаи 35-солаи Истиқлоли давлатӣ назар афканем, мебинем, ки дар ин давра Тоҷикистон марҳилаи муҳими давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоиро паси сар намуда, ба роҳи устувори созандагиву пешрафт ворид гардид.
Дар ин масири пурифтихор Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ низ мавқеъ ва масъулияти хоси худро пайдо намуд. Таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, рушди иқтидори касбӣ, беҳтар гардидани имкониятҳои моддию техникӣ, таъмини бехатарии иншооти бузурги стратегӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рақамикунонии фаъолияти соҳавӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими Хадамот дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Имрӯз рушди босуръати саноат ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад. Ҳар як корхонаи нав, ҳар як иншооти истеҳсолӣ ва ҳар як иқтидори нави саноатӣ масъулияти моро дар самти таъмини бехатарӣ бештар менамояд.
Мо хуб дарк мекунем, ки пушти ҳар як талаботи бехатарӣ ҳаёти инсон, пушти ҳар як қарори назоратӣ саломатии кормандон ва пушти ҳар як иқдоми созанда ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол меистад.
Аз ин рӯ, Хадамот минбаъд низ тамоми дониш, таҷриба, неру ва имкониятҳои касбии худро барои таъмини бехатарии саноатӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи қаъри замин ва мусоидат ба рушди устувори саноати миллӣ равона хоҳад кард.
Дар маҷмуъ, 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими давлатсозӣ ва рушди устувор гардид. Дар ин давра Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ низ рушд намуда, заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, иқтидори касбӣ ва низоми назорати бехатарии саноатиро таҳким бахшид. Дастовардҳои соҳа барои таъмини амнияти истеҳсолот, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва рушди саноати миллӣ заминаи муҳим фароҳам овардаанд.
Олимшо Аслонзода,
муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон