Имрӯз, 17 декабри соли 2025, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ҳамоиши идоравӣ вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд, баргузор карда шуд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Аҳтам Абдуллозода оғоз ёфт. Зимни баромади худ таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми стратегӣ ва барномавии давлат ба ҳисоб рафта, фарогири натиҷагирии ҳамаҷонибаи фаъолияти кишвар дар соли сипаригардида буда, ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи Тоҷикистонро дар соҳаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ муайян месозад.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии Паём раҳнамоии ҷомеа ба сӯйи ояндаи устувор, зиндагии шоиста ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз раванди рушди кишварро бо такя ба таҳлили воқеӣ ва пешгӯии илмӣ арзёбӣ намуда, вазифаҳо ва афзалиятҳои стратегии сиёсати давлатиро барои тамоми мақомоти давлатӣ мушаххас месозад.
Сардори Хадамот дар идомаи баромад нуктаҳои калидии Паёмро аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ, суръат бахшидан ба равандҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун меҳварҳои асосии сиёсати давлатӣ таъкид гардиданд.
Инчунин, зикр доштанд, ки дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки мо, шаҳрвандони бомаърифати ин Ватани соҳибистиқлолро месазад, ки баҳри иҷрои рисолати баланди шаҳрвандии худ ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли истиқомат, ҷойи фаъолият, кӯчаву хиёбон ва дар маҷмуъ ҳар як гӯшаи ватани маҳбуб, инчунин тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷик камари ҳиммат бубандем.
Сипас, кормандони Хадамоти иҷро дар баромадҳои худ иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати стратегии роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ аҳаммияти хос дошта, иҷрои пайгирона, босамар ва масъулонаи дастуру супоришҳои дар он зикршуда омили муҳимми таъмини рушди босуботи кишвар ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад.