Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои муаззами миллат дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ» ҳамоиши тантанавӣ…
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои муаззами миллат дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷро, намояндагони аҳли илму адаб, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи забон иштирок намуданд.
Ҳамоиши тантанавиро роҳбарияти Хадамоти иҷро оғоз намуда, ҳозирин ва кормандони Хадамотро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Зимни суханронӣ муовини сардори Хадамот оид ба таърихи ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ, мақому ҷойгоҳи он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва нақши забон дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон андешаронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз, густариш ва рушди забони давлатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, мақому мавқеи забони тоҷикӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии кишвар боз ҳам таҳким ёфтааст.