Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии адабию маърифатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба баррасии осори пурарзиши адабиёти классикии тоҷик — «Калила ва Димна»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуд. Дар оғози…
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии адабию маърифатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба баррасии осори пурарзиши адабиёти классикии тоҷик — «Калила ва Димна»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуд.
Дар оғози маҳфил таъкид гардид, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик дар ташаккул ва рушди забону адабиёти форсии тоҷикӣ нақши бузург гузошта, осори ӯ то имрӯз ҳамчун сарчашмаи хираду маърифат ва арзишҳои волои инсонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Зимни баррасии мавзуъ иштирокчиён дар бораи таърихи «Калила ва Димна», ҷойгоҳи он дар адабиёти форсу тоҷик ва нақши Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар баёни манзуми ин асари пандомӯз андешаҳои худро баён намуданд.
Қайд гардид, ки «Калила ва Димна» тавассути ҳикояву тамсилҳои рамзӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон ва ҷомеаро инъикос намуда, хонандаро ба хирадмандӣ, дурандешӣ, дӯстӣ, вафодорӣ, ростқавлӣ ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.