Ҳар як давлате, ки ба сӯи пешрафт ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллии худ қадам мегузорад, ба қонуни асосие ниёз дорад, то самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро муайяну танзим намояд. Барои мардуми Тоҷикистон чунин санади муқаддас Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи бунёди низоми адолатпеша ва руҳияи озодихоҳӣ дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин санаи сарнавиштсоз барои миллати тоҷик яке аз саҳифаҳои тиллоии таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин рӯз мардуми боғайрат ва нисбати ояндаи давлати худ бетафовутнабудаи кишвар бо ҳусни нияти нек ба ташаккули низоми фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва танзими возеҳу дақиқи он тавассути санади меъёрии ҳуқуқии эътибори олидошта бо масъулияти пурифтихори шаҳрвандӣ вориди корзори раъйдиҳӣ гардида, ин рисолати шарафмандона ва саодати бузургро дар назди наслҳои оянда сарбаландона ба ҷо оварданд. Имсол аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ 31 сол сипарӣ мешавад – 31 соли пояндагӣ, ваҳдат ва ташаккули давлати мустақили тоҷикон.
Қабули Конститутсия дар марҳалаи мушкилтарин ва тақдирсоз барои миллати тоҷик сурат гирифт, даврае ки кишвари мо аз озмоишҳои сахти таърихӣ мегузашт. Он на танҳо роҳи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии моро муайян намуд, балки ба барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асос гузошта, ҳамчун санади тақдирсоз ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи навбунёд руҳи тозаи созандагӣ бахшид. Бо қабули ин санади муқаддас пояҳои давлати миллӣ ва низоми демократӣ дар кишвар қадам ба қадам устувор гардида, Тоҷикистон ба марҳалаи нави таҳаввулоти ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иродаи озоди халқ қабул гардидааст, имрӯз барои ҳар шаҳрванд на танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки санади ифтихори миллӣ мебошад. Он баробарии ҳама шаҳрвандонро новобаста аз миллат, забон, дину мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ таъмин намуда, ҳамчун рамзи ягонагӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ шинохта мешавад. Маврид ба тазаккури хос аст, ки меъёрҳои дар Конститутсия инъикосёфта кафили риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии тамоми қишрҳои ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ буда, маҳз ба туфайли ин санади ояндасоз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба сатҳи арзиши олӣ бардошта шудааст, ки ҳамин унсур Конститутсияи моро ба як рамзи ваҳдату адолат табдил ва ба он ҷойгоҳи хосаву эҳтироми шоиста бахшидааст.
Дар тӯли 31 соли амалӣ шудани Конститутсия, Тоҷикистон тавонист бо такя ба қонуни асосии худ ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми давлатдории устувор бунёд намояд. Ҳамаи ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳз дар асоси Конститутсия роҳандозӣ карда шуда, дар ҳама соҳаҳо, аз сиёсати хориҷӣ то иқтисоди миллӣ, аз маориф то фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Бо роҳнамоии ин санади муқаддас, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намудааст.