15 октябри соли 2025 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳи соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ва аъзои ҳайати мушовара пурра ширкат намуда, кворум таъмин гардид.
Ҷаласаро сардори Хадамот ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро муайян ва тибқи он масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи истеҳсолоти иҷроро мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.
Тибқи рӯзномаи баргузории ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ: дастовард, мушкилот ва роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, маълумоти таҳлилӣ оид ба фаъолияти Хадамот дар самти истеҳсолоти иҷро, ҷараёни татбиқи талаботи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар самти пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати таъмини иҷрои бандҳои қарори ҳайати мушовара, нақшаи корӣ ва дигар нақшаҳои дахлдор, таҳлили вазъи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Хадамот, татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2025, №508, баррасии масъалаҳо вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дар Хадамот пешниҳод гардида, гузоришҳои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудӣ доир ба самтҳои фаъолият шунида шуданд.
Дар иртибот ба масъалаи якуми рӯзнома гузориши сардори раёсати таъмини иҷрои маҷбурӣ Амонзода А. С. шунида шуда, зикр гардид, ки фаъолияти Хадамот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаи истеҳсолоти иҷро назаррас буда, дар ин давра иҷрочиёни Хадамоти иҷро салоҳияти иҷрои амалҳои маҷбуриро нисбати 29 944 истеҳсолотҳои иҷро истифода бурда, аз ин бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ, иҷрои 26 556 ҳуҷҷатҳои иҷро ё 88,6% ба маблағи 132 миллиону 52 ҳазор сомонӣ, 508 582 доллари ИМА, 14 миллиону 40 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 миллиону 345 ҳазор рубли Федератсияи Россия, 5 122 соми Ҷумҳурии Қирғизистон, 20 415 рубли Ҷумҳурии Белорус ва 4 000 евро, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи маблағҳои рӯёнидашуда 52 миллиону 498 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот барқарор намудани маблағ ба манфиати давлат ба шумор рафта, дар давраи ҳисоботӣ 88,5% ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 57 миллиону 463 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯйи шумора 2,5% ва аз рӯйи маблағ бошад 28 миллиону сомонӣ зиёд ситонида шудааст.