Дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Муовини якуми директори Агентӣ Меҳроб Муминзода дар ифтитоҳи ҷамъомад перомуни аҳамияти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ибрози назар кард.
Дар идома, Фаромарз
Раҳмонзода, сарнозири раёсати муқовимат бо корупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 тасдиқ гардидааст, суханронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати он тавсияҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, натиҷаҳои мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) баррасӣ шуд.